Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи тандурустӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари навбатии корӣ баромад

Август 8, 2020 10:05

ДУШАНБЕ, 08.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 августи соли ҷорӣ дар асоси  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-2019, муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ ва назорати масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати беморони сирояти нави коронавирус ва дар ин замина гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ ба   шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари навбатии корӣ  баромад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, ки сафари корӣ аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз гардида, зимни он мавриди назорат, омӯзиш ва бартараф намудани мушиколоту норасоиҳои ҷойдошта, инчунин баррасӣ намудани як зумра масъалаҳои аз рӯи нақшаи таҳрезишуда ба миён гузошта шудаанд. Аз ҷумла, зимни ин сафар  масоили  вобаста ба таъмини фаъолияти самараноки беморхонаҳо, муассисаи КАТС (Маркази саломатии ноҳия/шаҳрӣ, Маркази саломатии деҳот, Бунгоҳи саломатӣ) бо иқтидори кофии кадрӣ дар реҷаи муайяншуда ташкили навбатдории шабонаи мутахассисони соҳавӣ, ҳисоботи оморӣ, дурустӣ ва саҳеҳияти пешниҳоди онҳо; доир ба раванди табобати беморони дар шуъбаҳои сироятӣ ва наҷот ва таҳти  назорати амбулаторӣ қарордошта, таъминот бо доруворӣ (захираи маводи доруворӣ); санҷиши риояи талаботҳои низоми санитарию эпидемиологӣ дар муассиса (мавҷуд будани даромадгоҳи алоҳида барои беморони дорои ҳарорати баланд, реҷаи хлор, мавҷудияти изолятор, маҳлули безараргардонӣ, ҳолати берунаи муассиса, реҷаи тозагӣ ва ғайра); таъмини маҷмӯи маводои муҳофизатии инфиродӣ, лавҳаҳо, баннерҳои алоқаманд; сатҳи дониши кормандон ва бозомӯзии онҳо оид ба алгоритми муоина, ташхис ва табобати бемории коронавирус ва  гайра мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади аз наздик мавриди омӯзиш қарор додан ва сари вақт ҳаллу фасл намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта дар ин самт, аз санаи 6 августи соли 2020 дар 5 минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони дахлдори соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ оғоз гардида, назорати мунтазами кории онҳо аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат таъмин карда мешавад.

Сафари корӣ дар давоми моҳи августи соли равон дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ идома дода мешавад.

АКС:  КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Август 8, 2020 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»