Мутахассисон ба кишоварзони Ҳисор оид ба нозукиҳои парвариши картошка тавсияҳои муфид доданд

Август 3, 2020 10:58

ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Кишт ва парвариши  картошка дар қитъаҳои замини шаҳри Ҳисор» таҳти ин унвон дар кооперативи тиҷоратии ба номи Ҳайдар Мирови шаҳри Ҳисор машғулияти омӯзишӣ доир гардид, ки дар ҷараёни он  дар майдони 20 гектар кишти такрории картошка  анҷом дода шуд.

Дар  машғулияти омӯзишӣ  раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, президенти  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҳикматулло Назиров, раисони хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор иштирок намуданд. Дар ҷараёни машғулияти мазкур мутахассисон ба кишоварзон дар бораи аҳамияти кишти такрории зироатҳо, аз ҷумла  агротехника ва муҳлатҳои кишти картошка, омода  кардани қитъаҳои замин дар кишти такрорӣ, интихоби замин ва тухмӣ, тарзи нигоҳубини зироат дар шароити заминҳои шаҳри Ҳисор  маълумоти муфассал  доданд. Аз ҷумла, зикр  гардид, ки деҳқонон танҳо бо шинонидани тухмӣ хотирҷамъ нашуда,  бояд ҳама нозукиҳои парвариши картошкаро риоя намоянд.

Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода дар назди деҳқонон гуфт, ки картошка яке аз зироатҳои асосии озуқаворӣ буда, баҳри иҷрои Барномаи озуқавории мамлакат аҳамияти муҳим дорад.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ин масъаларо дар ҳар як ҷамъомаду вохӯриҳо махсус таъкид менамоянд. «Дар шароити кунунӣ, ки як қатор давлатҳои ҷаҳон  ба хатару душвориҳои глобалӣ, фалокатҳои табиӣ, қашшоқию гуруснагӣ, хуруҷи бемориҳои сироятӣ, ба мисли COVID-19 гирифторанд, истифодаи самараноки замин, истеҳсоли фаровони маҳсулоти озуқаворӣ ва захираи он аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд. Бояд тамоми шароиту имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода бурда,  ҳосилнокӣ, боздеҳи заминҳоро баланд бардорем»,- таъкид кард Нуралӣ Асозода.

Кишти такрории  картошка дар кооперативи тиҷоратии ба номи Ҳайдар Мирови шаҳри Ҳисор дар ҳолест, ки кишоварзони шаҳри Ҳисор азм доранд, ки соли равон дар майдони 500 гектар картошка кишт намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

Август 3, 2020 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид