Нақшаи фаъолияти лоиҳаи «Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон» тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории муштарак оид ба омӯзиши нақшаи меъёрӣ барои ҷавонон доир гардид. Дар он бо иштироки аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд нақшаи фаъолияти минбаъда дар доираи лоиҳаи «Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон» тасдиқ гардид.
Дар ҷаласа оид ба корҳои анҷомдодаи муштарак ва натиҷаи умумии тадқиқоти бозори рақамӣ, таъсиси зергурӯҳ барои таҳлили қонунгузории миллию хориҷӣ дар самти шуғли фосилавӣ, интихоби ҳамоҳангсози шуғли фосилавӣ ва мулоқоти дуҷониба маълумот доданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон бо ҳамкории Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) амалӣ мегардад ва намунаи он Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» буда, дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии шаҳри Душанбе»-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Модели шуғли фосилавӣ барои ҷавонон шакли нави ташкили шуғл (кор берун аз дафтари корӣ) буда, ба корманд имкон медиҳад, ки вазифаҳои меҳнатии худро берун аз иншооти корфармо бо истифода аз технологияи иттилоотӣ, тавассути Интернет дар реҷаи воқеӣ, новобаста аз реҷаи кор ва ҷои истиқомат иҷро намояд.
Ҳамчунин ташкили шуғли фосилавӣ дар муқоиса ба шуғли анъанавӣ барои корфармоён шароит фароҳам меорад, ки берун аз дафтари корӣ бо сарфи хароҷоти ками молиявӣ ва вақти корӣ фаъолияти иқтисодии худро ба сомон расонанд.








Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид






