«НАЗОРАТ» ДАР БАДАХШОН. Дар ҷараёни ин чорабинӣ воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ мегузаранд
ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 10 августи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинӣ таҳти унвони шартии «Назорат» роҳандозӣ мегардад, ки дар ҷараёни он воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Ҳамасола бо супориши роҳбарияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати ВКД дар ВМКБ бо мақсади пурра ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ва ҷамъ намудани андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ин гуна амалиёт гузаронида мешавад.
Аз аввали сол то 26 июли соли 2020 теъдоди 7 ҳазору 950 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуда, 2 ҳазору 943 ронанда воситаҳои нақлиёти гуногунтамғаи худро дар қаламрави ВМКБ аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузарониданд. Ба 301 ронанда иҷозатномаи махсус барои истифода бурдани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳкардашуда дода шуд.
Ҳадафи асосии гузаронидани воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ- ин сари вақт бартараф кардани камбудиву норасоиҳои техникии мошинҳо ва дар ҳолати хуб қарор доштани онҳо буда, баҳри пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт равона гардидааст.
Аз ин рӯ, Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар ВМКБ ба саҳми ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки мошинҳои худро аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ сари вақт гузаронанд.
Барои аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаронидани воситаҳои нақлиёт дар ноҳияҳои вилоят мошини сайёр сафарбар карда шудааст.
Дар худи маркази ташхиси техникӣ хизматрасонихои БДА, боҷи давлатӣ, суғуртаи воситаҳои нақлиёт, ташхиси таҷҳизоти газӣ, муоинаи тиббии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми гузаронидани воситаҳои нақлиёт аз таҷҳизоти муосири техникӣ, аз қабили санҷиши холати заҳрнокии партовҳои мошинҳо, таҷҳизоти рушноисанҷӣ, таҷҳизоти санҷиши носозиҳои чамбараки мошин ва таҷҳизот барои санҷиши тамоми қисмҳои эҳтиётии мошинҳо муҷаҳҳаз карда шудааст.
Дар сурати аз ҷониби кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар ВМКБ ошкор гардидани қоидавайронкунӣ дар самти нагузаронидани мошинҳо аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ нисбат ба ронандагон мутобиқи талаботи қонунҳои амалкунандаи БДА ВКД ҶТ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ҷарима ситонида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






