Нисбат ба шаш нафар корманди мақомоти гумрук парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст

Август 1, 2020 10:33

ДУШАНБЕ, 01.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаш моҳи соли равон 33 нафар корманди ин мақомот ба ҷазои интизомӣ кашида шуда,  се нафар сарзаниш,  6 нафар танбеҳ, 18 нафар танбеҳи қатъӣ гирифта, инчунин шаш нафар  аз кор дар мақомоти гумрук  рухсат шуданд.

Сардори Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  бо натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон  дар шаш моҳи соли равон  дар ҷамъи намояндагони расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ гуфт, ки дар ин давра се парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаш нафар корманди мақомоти гумрук оғоз карда шуд.

Аз ин  ду ҳолат аз ҷониби мақомоти гумрук ошкор гардида,  барои тафтиш ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи ҷумҳурӣ ирсол карда шудааст.

Сабабҳои ба ҷиноят даст задани бархе аз кормандони мақомоти гумруки мамлакатро Хуршед Каримзода ба сохтакории ҳуҷҷатҳо, мусоидат ба қочоқи мол,  иваз кардани  ҳуҷҷатҳои молҳои воридотии арзон ба молҳои гаронарзиш ва саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ арзёбӣ намуд. Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки дар мақомоти гумрук барои ошкор кардани қонуншиканиҳо пайваста мубориза бурда мешавад.

Август 1, 2020 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад