Ғолибони даври панҷуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон муайян гардиданд

Август 11, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 11.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои  даври панҷуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон миёни дастаҳои пешсафи мусобиқа — «Сипар»-и шаҳри  Хуҷанд ва «Соро компания»-и  шаҳри  Душанбе  бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом  ёфтанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар бозии дигари даври панҷум дастаи футзали  «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе дар меҳмонӣ бар дастаи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бо ҳисоби 6:4 ғолиб омад. Дар ҳайати меҳмонон Самандар Ризомов се гол, Хуршеди Зайниддин ду гол ба нишон расониданд.

Дар бозии дигар дастаи футзали  «Самандар»-и шаҳри Турсунзода дар меҳмонӣ  дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 9:8 мағлуб кард. Дар дастаи ғолиб се голро Низом Махмаев ба ҳадаф расонид. Зимнан, ин аввалин пирӯзии дастаи  «Самандар» ба шумор меравад.

Аз рӯи натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  ва «Сипар»-и шаҳри Душанбе бо 13-имтиёзӣ пешсафанд. Бо ҳамин нимаи аввали мусобиқаи мазкур ба поён расид. Нимаи дуюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 19  август  шурӯъ мешавад.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020. Даври 5-ум

«Сипар» – «Соро компания» – 1:1

Голҳо: Вахтанг Кекелия, 17 (0:1). Дилшод Саломов, 20 – дабл-пеналтӣ (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Собирҷон Гулаков («Сипар»).

«Равшан» – «Муҳоҷир» – 4:6

Голҳо: Рустам Зауров, 3 (1:0). Муҳаммад Тошев, 3 (2:0). Иброҳим Мирзоев, 18 (3:0). Ҳасан Муродов, 23 (4:0). Самандар Ризомов, 28 (4:1). Бахтиёр Солиев, 30 (4:2). Самандар Ризомов, 32 (4:3). Самандар Ризомов, 35 (4:4). Хуршеди Зайниддин, 38 – дабл-пеналтӣ (4:5). Хуршеди Зайниддин, 39 – дабл-пеналтӣ (4:6).

Беҳтарин бозингари дидор: Самандар Ризомов («Муҳоҷир»).

«Истаравшан» – «Самандар» – 8:9

Голҳо: Фаридун Расулов (4), Шаҳбоз Бобоҷонов (3), Раҳмон Ҷӯраев – Низом Махмаев (3), Ориф Меликов (2), Акбар Маманазаров (2), Маъмур Буриев, Фирдавс Тусматов.

Беҳтарин бозингари дидор: Фирдавс Тусматов («Самандар»).

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020. Даври 4-ум

«Самандар» – «Сипар» – 5:13

Голҳо: Раҳмоналӣ Шарипов, 4 (0:1). Шавкат Ҳалимов, 5 (0:2). Баҳодур Хоҷаев, 7 (0:3). Абдусамад Раҳмонов, 10 (0:4). Собирҷон Гулаков, 10 (0:5). Собирҷон Гулаков, 14 (0:6). Абдусамад Раҳмонов, 17 (0:7). Акбар Маманазаров, 20 (1:7). Собирҷон Гулаков, 22 (1:8). Фирдавс Тусматов, 25 (2:8). Низом Маҳмаев, 27 – ба дарвозаи худ (2:9). Валиҷон Валиев, 31 (2:10). Иқбол Воситзода, 32 (2:11). Собирҷон Гулаков, 33 (2:12). Акбар Маманазаров, 35 (3:12). Собирҷон Гулаков, 36 (3:13). Ориф Меликов, 37 (4:13). Низом Маҳмаев, 39 (5:13).

«Муҳоҷир» – «Истаравшан» – 6:3

Голҳо: Самандар Ризомов, 11 (1:0). Ҳусейн Расулов, 17 (1:1). Самандар Ризомов, 20 (2:1). Ҳусейн Расулов, 22 (2:2). Раҳмон Ҷӯраев, 23 (2:3). Парвиз Худододов, 29 (3:3). Нусратшо Исмоилов, 36 (4:3). Бахтиёр Солиев, 38 (5:3). Хусрав Қаюмов, 39 (6:3).

«Соро компания» – «Равшан» – 12:0

Голҳо: Муҳаммад Шарипов, 4 (1:0). Муҳаммад Раҷабов, 8 (2:0). Идрис Ёров, 9 (3:0). Умед Қузиев, 11 (4:0). Умед Қузиев, 13 (5:0). Умед Қузиев, 22 (6:0). Идрис Ёров, 24 (7:0). Умед Қузиев, 34 (8:0). Муҳаммад Раҷабов, 38 (9:0). Муҳаммад Раҷабов, 38 (10:0). Насим Шарипов, 39 (11:0). Насим Шарипов, 40 (12:0).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Соро компания» (Душанбе) 5 4 1 0 40-6 13
2 «Сипар» (Хуҷанд) 5 4 1 0 34-15 13
3 «Муҳоҷир» (Душанбе) 5 3 0 2 22-23 9
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 5 1 0 4 27-34 3
5 «Равшан» (Кӯлоб) 5 1 0 4 23-43 3
6 «Самандар» (Турсунзода) 5 1 0 4 26-51 3

 

Нишонзанҳо: Собирҷон Гулаков («Сипар») – 11 тӯб, Муҳаммад Раҷабов («Соро компания») – 8 тӯб, Иқбол Воситзода («Сипар»), Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 7-тӯбӣ, Фаридун Расулов, Шаҳбоз Бобоҷонов (ҳарду аз «Истаравшан»), Низом Махмаев («Самандар») – 6-тӯбӣ.

Даври 6-ум

19-уми август (чоршанбе)

16:00 – «Самандар» – «Истаравшан»

16:00 – «Соро компания» – «Сипар»

18:00 – «Муҳоҷир» – «Равшан»

Август 11, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд