ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Обид Юсупов аз ҳисоби замини наздиҳавлигӣ оила ва бозорро бо маҳсулоти хушсифат таъмин мекунад

Август 21, 2020 09:58

ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён Обид Юсупов дар 0,27 гектар замини наздиҳавлигиаш 6 гармхона ташкил намудааст, ки ҳамасола аз онҳо ҳосили  фаровон мегирад. Имсол кадбонуи ин хонадон аз маҳсулоти рӯёнидаи худӣ зиёда аз 400 зарф хӯришҳои гуногун ва анвои мухталифи мураббо захира намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни боздид аз замини наздиҳавлигии Обид Юсупов ба ӯ барои меҳнати арзандааш таҳсин хонд. Обид Юсупов бо вуҷуди он ки касби барқчиро соҳиб аст, замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода бурда, дар гармхонаҳояш  помидор, қаланфури булғорӣ, боимҷон, лӯбиё, маккаи дон ва дигар намуди сабзавот мекорад. Дар қисмати дигари замини наздиҳавлигӣ ӯ боғча бунёд кардааст, ки дар он дарахтони шафтолу, анҷир, хурморо барои аҳли оила парвариш менамояд.

Ба гуфти номбурда, айни замон дар гармхонаҳо ҳосили дуюми бодиринг ва помидор нашъунамои хуб дошта, барои таъмини бозор бо ин навъи сабзавот омода гардидаанд. Бодирингҳои гармхонаи мавсуф аллакай дубарга шудаанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ин амали Обид Юсуповро барои дар амал татбиқ намудани даъвати Пешвои миллат ва истифодаи самарабахши қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ намунаи ибрат хонда, ба ин хонавода туҳфа тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки 25 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи коронавирус, таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо оид ба захираи маводи ғизоӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ супориш ва ба мардуми мамлакат барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил ва ба таври кофӣ захира кардани маводи ғизоӣ дар хонаҳояшон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Пешвои миллат ҳамчунин даъват намуданд, ки  бояд ҳар як оила барои то ду сол захира намудани маводи ғизоӣ ва риояи сарфаю сариштакорӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешад.

Август 21, 2020 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»