ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Обид Юсупов аз ҳисоби замини наздиҳавлигӣ оила ва бозорро бо маҳсулоти хушсифат таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён Обид Юсупов дар 0,27 гектар замини наздиҳавлигиаш 6 гармхона ташкил намудааст, ки ҳамасола аз онҳо ҳосили фаровон мегирад. Имсол кадбонуи ин хонадон аз маҳсулоти рӯёнидаи худӣ зиёда аз 400 зарф хӯришҳои гуногун ва анвои мухталифи мураббо захира намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни боздид аз замини наздиҳавлигии Обид Юсупов ба ӯ барои меҳнати арзандааш таҳсин хонд. Обид Юсупов бо вуҷуди он ки касби барқчиро соҳиб аст, замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода бурда, дар гармхонаҳояш помидор, қаланфури булғорӣ, боимҷон, лӯбиё, маккаи дон ва дигар намуди сабзавот мекорад. Дар қисмати дигари замини наздиҳавлигӣ ӯ боғча бунёд кардааст, ки дар он дарахтони шафтолу, анҷир, хурморо барои аҳли оила парвариш менамояд.
Ба гуфти номбурда, айни замон дар гармхонаҳо ҳосили дуюми бодиринг ва помидор нашъунамои хуб дошта, барои таъмини бозор бо ин навъи сабзавот омода гардидаанд. Бодирингҳои гармхонаи мавсуф аллакай дубарга шудаанд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ин амали Обид Юсуповро барои дар амал татбиқ намудани даъвати Пешвои миллат ва истифодаи самарабахши қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ намунаи ибрат хонда, ба ин хонавода туҳфа тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки 25 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи коронавирус, таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо оид ба захираи маводи ғизоӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ супориш ва ба мардуми мамлакат барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил ва ба таври кофӣ захира кардани маводи ғизоӣ дар хонаҳояшон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Пешвои миллат ҳамчунин даъват намуданд, ки бояд ҳар як оила барои то ду сол захира намудани маводи ғизоӣ ва риояи сарфаю сариштакорӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешад.








Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд






