Пагоҳ бозиҳои даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ бозиҳои даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон оғоз меёбанд. Дар даври мазкур дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав бо «Барқ»-и шаҳри Норак, «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе бо «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритус байни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Пас аз танаффуси кӯтоҳ марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон оғоз ёфт. Бозиҳои ду давр баргузор шуданд ва ягон натиҷаи ғайриинтизор рух надод. Пешсафони лигаи бонувон дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе ва «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ баъди пирӯзӣ муборизаро барои медалҳо идома медиҳанд.
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:
10-ум давр
«Хатлон» – «Равшан» – 9:0
«Регар-ТадАЗ» – «Барқ» – 14:0
«Панҷшер» – «Зебо» – 0:13
«Бешкент» – «Чашма» – 12:0
«Зебонисо» – «Ҳосилот» – 14:0
11-ум давр
«Ҳосилот» – «Хатлон» – 0:16
«Чашма» – «Зебонисо» – 0:18
«Зебо» – «Бешкент» – 5:1
«Барқ» – «Панҷшер» – 0:6
«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 0:2
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Хатлон» (Бохтар) | 11 | 10 | 1 | 0 | 88-5 | 31 |
| 2 | «Зебонисо» (Душанбе) | 11 | 10 | 0 | 1 | 116-2 | 30 |
| 3 | «Зебо» (Дӯстӣ) | 11 | 9 | 1 | 1 | 69-9 | 28 |
| 4 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 11 | 7 | 1 | 3 | 56-9 | 22 |
| 5 | «Бешкент» (Носири Хусрав) | 11 | 6 | 1 | 4 | 49-15 | 19 |
| 6 | «Барқ» (Норак) | 11 | 3 | 1 | 7 | 7-66 | 10 |
| 7 | «Ҳосилот» (Фархор) | 11 | 2 | 1 | 8 | 5-72 | 7 |
| 8 | «Чашма» (Шаҳритус) | 11 | 2 | 0 | 9 | 8-92 | 6 |
| 9 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 11 | 1 | 2 | 8 | 11-85 | 5 |
| 10 | «Равшан»(Кӯлоб) | 11 | 1 | 0 | 10 | 1-55 | 3 |
Дар даври 12-ум вомехӯранд:
19 август (чоршанбе)
«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»
«Панҷшер» – «Равшан»
«Бешкент» – «Барқ»
«Зебонисо» – «Зебо»
«Ҳосилот» – «Чашма»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






