Пагоҳ дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» Иди каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 29.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 август дар мамлакат Иди каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мегардад. Ин ид давоми панҷ сол аст, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат таҷлил мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, иди мазкур дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор гашта, дар он кишоварзони мамлакат ва ноҳияҳои атрофи шаҳр иштирок ва маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш манзур менамоянд. Инчунин, аз ҷониби кишоварзон дастархон бо анвои маҳсулоти полезӣ оро дода мешавад. Иди каду, харбуза ва тарбуз бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Мавриди зикр аст, ки таҷлили Иди харбуза, тарбуз ва каду дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашну маросим ҳар сол дар минтақаҳои мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди бахши кишоварзӣ омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ мебошад. Танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ расида, бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем. Ҳамчунин баргузории чунин намоишгоҳҳоро, ки тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст, дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Зеро ба ин восита метавон маҳсули дасти деҳқонони зарофари мамлакатро ба таври шоиста ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ кард.
Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи деҳқонон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, соли равон дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулоти кадугӣ, харбуза ва тарбуз низ афзоиш ёфта, навъҳои гуногуни он парвариш гардидаанд.
Каду яке аз зироати дар ҷаҳон маъмул буда, халқҳои зиёди олам онро ҳамчун хӯроки серғизо истифода мебаранд ва пайваста иди каду низ доир мекунанд. Дар Россия Иди каду баргузор карда мешавад, дар Франсия, Германия, Чин фестивали каду мегузарад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳатто Рӯзи миллии каду таъсис дода шудааст, ки ҳар сол 26 октябр таҷлил карда мешавад.
Дар дунё 15 намуди каду мерӯяд, ки аз он дар Тоҷикистон 3 ё 4 намудашро мекоранд. Инҳо гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду мебошанд. Коршиносони соҳаи тиб истеъмоли кадуро барои он тавсия медиҳанд, ки дар таркибаш то 11 фоиз қанд, 20 фоиз оҳар, 0,2-0,7 фоиз моддаҳои пектинӣ, сафеда, намакҳои минералӣ (махсусан фосфор, витамин, аз ҷумла каротин), 40 фоиз равғани хӯрданбоб ва 28 фоиз сафеда дорад.
Яке аз тадқиқотчиёни олами набототи Тоҷикистон, олими барҷастаи рус, академик Н. И. Вавилов иброз доштааст, ки харбуза зироати қадимии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, шимоли Афғонистон ва Эрон мебошад. Аз 500 навъи харбуза, ки дар Осиёи Миёна парвариш карда мешаванд, 230 навъаш номи тоҷикӣ доранд, ки ин гувоҳи ватани харбуза будани Тоҷикистон аст.
Тоҷикистон макони қадимии харбузакорист. Хатлону Қубодиён, Хуҷанду Истаравшан ва Панҷакент ҳанӯз дар асрҳои 3 ё 4-и мелодӣ бо харбузаҳои хуштаъму ширини худ машҳур буданд.
Мутахассисон ба дӯстдорони тарбуз чунин тавсия медиҳанд, ки тарбузи болаззатро охирҳои моҳи август ва аввали моҳи сентябр дастрас кардан мумкин аст. Зеро дар ин вақт бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин тарбузҳо бе илова кардани нуриҳои минералӣ пухта расидаанд.
Тарбузро пас аз харидан метавонед бо собун шуста, бо оби гарм чайқонед. Ҳангоми шустани тарбуз то чӣ андоза пухта будани онро муайян кардан мумкин аст. Агар тарбуз даруни об ғӯтида равад, донед, ки тарбуз хом аст, агар рӯйи об барояд, пухтагӣ аст. Баробари корд задан тарбузи пухта мекафад. Ранги донакҳояш қаҳваранги сиёҳчатоб мешавад.
Дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ба беҳтарин хоҷагии харбуза, тарбуз ва кадупарвари мамлакат туҳфа ва ифтихорнома тақдим мегардад.
Инчунин барномаи фарҳангӣ ва оростани гӯшаи намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ баргузор мегардад.
Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»










ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






