Пагоҳ дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» Иди каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мегардад

Август 29, 2020 10:38

ДУШАНБЕ, 29.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 август дар мамлакат Иди каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мегардад. Ин ид давоми панҷ сол аст, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат таҷлил  мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, иди мазкур дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор гашта, дар он кишоварзони мамлакат ва ноҳияҳои атрофи шаҳр иштирок ва маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш манзур менамоянд. Инчунин, аз ҷониби кишоварзон дастархон бо анвои маҳсулоти полезӣ оро дода мешавад. Иди каду, харбуза ва тарбуз  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Мавриди зикр аст, ки таҷлили Иди харбуза, тарбуз ва каду дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашну маросим ҳар сол дар минтақаҳои мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди бахши кишоварзӣ омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ мебошад. Танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ расида, бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем. Ҳамчунин баргузории чунин намоишгоҳҳоро, ки тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳукми анъана даромадааст, дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Зеро ба ин восита метавон маҳсули дасти деҳқонони зарофари мамлакатро ба таври шоиста ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ кард.

Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи деҳқонон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, соли равон дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулоти кадугӣ, харбуза ва тарбуз низ афзоиш ёфта, навъҳои гуногуни он парвариш гардидаанд.

Каду яке аз зироати дар ҷаҳон маъмул буда, халқҳои зиёди олам  онро ҳамчун хӯроки серғизо истифода мебаранд ва пайваста иди каду низ доир мекунанд.  Дар Россия Иди каду баргузор карда мешавад, дар Франсия, Германия, Чин фестивали каду мегузарад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳатто Рӯзи миллии каду таъсис дода шудааст, ки ҳар сол 26 октябр таҷлил карда мешавад.

Дар дунё 15 намуди каду мерӯяд, ки аз он дар Тоҷикистон 3 ё 4 намудашро мекоранд. Инҳо  гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду мебошанд. Коршиносони соҳаи тиб истеъмоли кадуро барои он тавсия медиҳанд, ки дар таркибаш то 11 фоиз қанд, 20 фоиз  оҳар, 0,2-0,7 фоиз моддаҳои пектинӣ, сафеда, намакҳои минералӣ (махсусан фосфор, витамин, аз ҷумла каротин),  40 фоиз  равғани хӯрданбоб ва 28 фоиз  сафеда дорад.

Яке аз тадқиқотчиёни олами набототи Тоҷикистон, олими барҷастаи рус,  академик Н. И. Вавилов иброз доштааст, ки харбуза зироати қадимии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, шимоли Афғонистон ва Эрон мебошад. Аз 500 навъи харбуза, ки дар Осиёи Миёна парвариш карда мешаванд, 230  навъаш номи тоҷикӣ доранд, ки ин гувоҳи ватани харбуза будани Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон макони қадимии харбузакорист. Хатлону Қубодиён, Хуҷанду Истаравшан ва Панҷакент ҳанӯз дар асрҳои 3 ё 4-и мелодӣ бо харбузаҳои хуштаъму ширини худ машҳур буданд.

Мутахассисон ба дӯстдорони тарбуз чунин тавсия медиҳанд, ки тарбузи болаззатро охирҳои моҳи август ва аввали моҳи сентябр дастрас кардан мумкин аст. Зеро дар ин вақт бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин тарбузҳо бе илова кардани нуриҳои минералӣ пухта расидаанд.

Тарбузро пас аз харидан метавонед бо собун шуста, бо оби гарм чайқонед. Ҳангоми шустани тарбуз то чӣ андоза пухта будани онро муайян кардан мумкин аст. Агар тарбуз даруни об ғӯтида равад, донед, ки тарбуз хом аст, агар рӯйи об барояд, пухтагӣ аст. Баробари корд задан тарбузи пухта мекафад. Ранги донакҳояш қаҳваранги сиёҳчатоб мешавад.

Дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ба беҳтарин хоҷагии харбуза, тарбуз ва кадупарвари мамлакат туҳфа ва ифтихорнома тақдим мегардад.

Инчунин барномаи фарҳангӣ ва оростани гӯшаи намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ  баргузор мегардад.

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 29, 2020 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст