РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Нахустин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев 75-сола шуд

Август 10, 2020 08:12

ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 август ба зодрӯзи арбоби барҷастаи сиёсиву ҷамъиятӣ, нахустин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев 75 сол пур мешавад.

Сайдулло Хайруллоев панҷ даъват вакили Парлумон ва ду даъват Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Номбурда шахсиятест, ки дар кураи зиндагӣ обу тоб ёфта, дар тамоми кору вазифаҳои масъулу баландпоя таҷриба андӯхта, заркору гавҳаршинос, инсони поку комил гардидааст. Мардум ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ҳамеша чун роҳбари ғамхору пуртаҷриба ва сиёсатмадори шинохта ёдоварӣ мекунанд.

Маҳз ҳамин таҷрибаи зиёду ғании ӯро дар арсаи сиёсат ба эътибор гирифта, соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба поён ёфтани ваколати вакилии ин чеҳраи муҳими сиёсӣ меҳнату заҳмат ва хизматҳои шоистаи Сайдулло Хайруллоевро қадрдонӣ намуданд чунин изҳор доштанд: «Мо аз хизматҳои Сайдулло Хайруллоев дар муҳити сиёсии мамлакат самимона қадрдонӣ менамоем ва дар оянда низ аз таҷрибаи ин чеҳраи сиёсӣ барои наслҳои минбаъда истифода хоҳем кард».

Ҳамин таҷрибаи баланди корӣ буд, ки имрӯз Сайдулло Хайруллоев маҳбуби дилҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа гардида, ҳатто дар солҳои бознишастагиаш низ  роҳбарии яке аз созмонҳои муҳими   кишварро бар уҳда дорад. Ӯ яке аз чеҳраҳои тобони олами сиёсат дар мамлакат ба ҳисоб меравад.

Сайдулло Хайруллоев ба ҳайси Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат, ки аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад, нақши муассир гузоштааст. Маҳз бо кӯшиши бевоситаи ӯ ва вакилони ҳамонвақтаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти намояндагӣ ва қонунгузор ба давраи нави инкишофи парламентаризми муосир дохил шуд.

Дар давраи раисии Сайдулло Хайруллоев дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони ҳамонвақта тағйироти бунёдиро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ дарк намуда, зарурати таҳаввулоти бисёрҷонибаи ҳаёти ҷомеаро дар қонунҳои қабулкардаашон инъикос мекарданд. Ӯ пайваста тамоми фаъолияти вакилони Парлумонро ба он равона мекард, ки демократия ва риояи қонун барои ҳама баробар татбиқ гардад, қонуну қонуният дар ҷумҳурӣ  таҳким ёбад ва пеши роҳи ҳама гуна қонунвайронкуниҳо гирифта шавад.

Маданияти баланди сарвар, инсондӯст, меҳрубонӣ, софдилӣ, хушмуомилагӣ, самимӣ будан аз ҷумлаи хислатҳое мебошанд, ки Сайдулло Хайруллоевро инсони комил гардонидаанд. Мавсуф дар Маҷлиси намояндагон тавонист як мактаби камолоти бузурги зиндагӣ ба вуҷуд оварад. Дар давраи сарварии ӯ Маҷлиси намояндагон чун мақоми олии қонунбарор, дар ҳақиқат яке аз ғанитарин сарчашмаҳои қонунгузорӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Таносуб ва ҳамоҳангсозии кори бахшҳои гуногун дар он ба қадре дақиқ поярезӣ шудаанд, ки дар маҷмӯъ, як пойгоҳи устувори ҳуқуқӣ ва таърихи комилеро дар танзими паҳлуҳои гуногуни ҳаёти инсон ва тадбири умури зиндагӣ ба вуҷуд оварда тавонистааст.

Сайдулло Хайруллоев аз ҷумлаи он шахсиятҳоест, ки барои халқу ватанаш софдилона ва фидокорона хизмат карда, адолатпешагиро шиори кору зиндагӣ қарор додааст.

Ӯ хислатҳои наҷиби ҷавонмардиро аз падари бузургвораш омӯхтааст. Шодравон бобои Хайруллоро то кунун мардуми деҳаи Муллобадал ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бо эҳтиром ба ёд меоранд. Эшон, ки хизматчӣ буданд, аз зумраи он шахсиятҳои таърихие ба ҳисоб мерафтанд, ки дар сохтани мактабҳову ободонии чанд ҷамоати деҳот ва кушодани роҳҳои мошингарди ин мавзеъҳо саҳми арзанда гузоштаанд.

Сайдулло Хайруллоев фаъолияти меҳнатиро аз сармуҳандиси Раёсати шабакаи обёрии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон дар ноҳияи Ғарм (ҳозира ноҳияи Рашт) оғоз карда, дар вазифаҳои пурмасъулияти сардори Раёсати шабакаи обёрии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии Тоҷикистон, сардори колоннаи механиконидашудаи сайёри № 21-и ширкати «Душанбеводстрой» дар ноҳияи Ҷиргатол (Лахш), сардори колоннаи механиконидашудаи сайёри № 23-и ширкати «Душанбеводстрой» дар ноҳияи Ғарм, муовини раиси Кумитаи иҷроия, раиси банақшагирии ноҳияи Ғарм, шунавандаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд, Раиси Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ғарм, котиби якуми Кумитаи Ҳизби Коммунисти ноҳияи Совет (Темурмалик), котиби кумитаи Ҳизби Коммунисти вилояти Хатлон, Раиси Комиҷроияи вилояти Қӯрғонтеппа (Бохтар), вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Вазири муҳити зист ва муҳофизати табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Ғарм (Рашт),  вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи филизоти қиматбаҳо ва сангҳои ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар намудааст.

Ба нақли кормандони Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Сайдулло Хайруллоев ба ҳайси Раиси Раёсати ҷамъият низ дар таҳкими дӯстии байни қавму миллатҳо ва тақвияти фаъолияти он саҳми арзанда гузоштааст.

Таъсиси зиёда аз 24 ҷамъияти дӯстии дар назди Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ амалкунанда, мулоқоту суҳбатҳои ҳаррӯза бо сафирони мамлакатҳои хориҷӣ, чеҳраҳои намоёни фарҳангии кишварҳои гуногун, олимону ходимони барҷастаи соҳаҳои мухталифи мамолики ҷаҳон нишонаи соҳиби эҳтиром будан ва маҳбубият доштани ӯ дар хориҷ аз мамлакат аст.

Арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангӣ Сайдулло Хайруллоевро  бо ҷашни камолоташон самимона табрик менамоем. Тавре ҳаким Фирдавсии бузург мефармояд:

Ба ранҷ андар орӣ танатро равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.

Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд ганҷ,
Наёбад касе ганҷ, нобурда ранҷ.

                                                       

 

 

Файзулло ТИЛЛОЕВ,
корманди Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ
ва равобити фарҳангии  Тоҷикистон
 бо кишварҳои хориҷӣ

Август 10, 2020 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ- ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ. Нақши устод Айнӣ дар фарҳангнигории тоҷикӣ беназир аст
Дар Душанбе китобномаи профессор Аҳмад Абдуллоев рӯнамоӣ карда шуд
«БО НИГОҲАТ РӮЗГОРАМ ОФТОБӢ МЕШАВАД!». Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 80-сола шуд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Омӯзиши фаъолияти касбии академик Раҳим Масов барои тарбияи насли ҷавон мактаби бузурги таълимиву тарбиявист
МУАЛЛИФИ «МАН КАЛОН МЕШАВАМ» 110-СОЛА ШУД. Ин шеъри Устод Мирсаид Миршакар чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ тарбият намудааст
Дар Панҷакент маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи олими шинохтаи тоҷик Аълохон Афсаҳзод доир гардид
ГУРДОФАРИД АЗ ЛАХШ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Исмоил Шафиев – марде, ки умрашро сарфи ободии Ватан кардааст
РӮЗИ ЁДБУДИ МАВЛОНО. Ҷалолиддин Балхии Румӣ ҳашт аср пеш бар зидди ифротгароӣ ва таассуби динӣ, ки толибон имрӯз дар Афғонистон паҳн мекунанд, мубориза мебурд
«АҲМАДШОҲИ МАСЪУД МИҚДОРИ ХОКЕ НЕ, БАЛКИ МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАФАККУРИ ИНСОНИСТ!». Дар Душанбе маросими ёдбуди шаҳиди роҳи озодию сулҳи Афғонистон доир шуд
ВАҲШОНИЯТ. Толибон нисбат ба қабри Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер таҳқир раво дидаанд
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф