РАВЗАНАИ ЯГОНАИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ АМАЛИЁТИ СОДИРОТИЮ ВОРИДОТӢ ВА ТРАНЗИТӢ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда ба ин низом мегузарад

Август 27, 2020 09:05

ДУШАНБЕ, 27.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 сентябри соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин шуда ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» мегузарад.  Низоми мазкур  дар асоси  дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҷиҳати  суръат  бахшидани раванди   ҷорӣ намудани  технологияҳои муосири  иттиллоотӣ  дар фаъолияти   мақомоти  гумрук, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории ҷумҳурӣ ва дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат махсус баён намуда буданд, роҳандозӣ мегардад. 

Омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди ҷорисозии  низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» дар кадом поя қарор дорад? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА ба Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори гумрук Хуршед КАРИМЗОДА муроҷиат намуд.   

АМИТ «Ховар»: —  Шурӯъ аз 1 сентябр дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  расмиёти воридоту содироти  мол аз ҷониби корхонаю идораҳои давлатӣ тариқи электронӣ роҳандозӣ мегардад. Омодагӣ ҷиҳати гузариш ба ин раванд дар кадом сатҳ қарор дорад?

Хуршед Каримзода: — Мусалам аст, ки аксари кишварҳо — иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҷиҳати иҷрои талаботи мақомоти давлатии танзимкунанда, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти сершуморро марбут ба воридот, содирот ва транзити мол дар ҳомилҳои қоғазӣ пешниҳод менамоянд. Чунин тартиби мураккаб, дар баробари хароҷоти молиявӣ ва сарфи вақт, монеаи ҷиддие барои бахшҳои давлатию хусусӣ баҳри рушди тиҷорати байналмилалӣ  арзёбӣ мегардад.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати «Дарҳои кушода»-и худ ба масъалаҳои соддагардонии расмиёти савдо, беҳсозии фазои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Яке аз тадбирҳои маъмулие, ки ба рушди тиҷорати байналмилалӣ мусоидат мекунад, ташаккули механизми «Равзанаи ягона» мебошад, ки тавассути он иттиллоъ ва ҳуҷҷатҳои тиҷоратие, ки  барои иҷрои расмиёти давлатии  марбут ба воридот, содирот ва транзит зарур мебошанд, ба низом як маротиба тариқи шабакаи ягона ворид мешаванд.

Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва тадбирҳои андешидаи Хадамоти гумрук  раванди ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад ва он шурӯъ аз якуми сентябри соли равон ҷорӣ мегардад.

АМИТ «Ховар»: — Ҷиҳати таҳияи низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ»   мақомоти гумруки Тоҷикистон бо созмонҳои хориҷӣ ва вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ҳамкорӣ намудааст?

Хуршед Каримзода: — Қаблан бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо солҳои 2008-2013 ҷиҳати иштирок дар низоми «Равзанаи ягона»  мақомоти соҳавӣ бо таҷҳизоти техникӣ таъмин шуда, аз тарафи ширкати «Интрасофт»-и Юнон шакли аввалияи таъминоти барномавии низом таҳия гардид.

Аз соли 2013 дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар   намудани хизматрасониҳои наздисарҳадӣ», ки маблағгузораш Бонки Осиёгии Рушд аст, таҳлили қонунгузории соҳавӣ, механизм ва расмиёти маъмурии дохилиидоравии Агентии «Тоҷикстандарт», Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти алоқа, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ,  Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молия, Палатаи савдо ва саноат ва дигар мақомоти ваколатдор оид ба додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин, талаботҳои техникӣ ҷиҳати таҳияи низоми иттилоотӣ-коммуникатсионии болозикр аз ҷониби ширкати машваратии байналмилалии «Кроун Эҷентс»-и Британияи Кабир ба анҷом расонида шуд.

Дар ин замина шакли ниҳоии низом бо маҷмӯи амалҳое, ки мақомоти ваколатдор бояд барои қабули дархост аз иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, мубодилаи иттилоот ва пешниҳоди хуҷҷати иҷозатдиҳию сертификат анҷом диҳанд, аз тарафи ширкати барномасози «АйЮНетворкс»-и Арманистон омода гардида, давраи пилотии ҷорисозии он моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида буд.

АМИТ «Ховар»: — Дар самти роҳандозии низоми нав   Тоҷикистон аз таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ истифода  мебарад?

Хуршед Каримзода: —  Мавриди  зикр аст, ки дар таҳияи низом таҷрибаи ягон мамлакат истифода нашуда, таъминоти барномавии он сирф маҳсулоти миллӣ мебошад. Илова бар ин, чунин низом дар минтақаи Осиёи марказӣ нахустин таҷрибаи гузаштан ба  усули электронӣ дар самти тиҷорати беруна маҳсуб ёфта, дар як макон дастрас кардани 22 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз 11 мақомоти давлатию ҷамъиятӣ  таҷрибаи нодир арзёбӣ мегардад.

АМИТ «Ховар»: — Гузариш ба низоми «Равзанаи ягона» ба  иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ кадом сабукиҳоро муҳаё месозад?

 Хуршед Каримзода: — Чуноне аз номи низими мазкур бармеяд, дар асоси  нақша  низоми «Равзанаи ягона» гузаришро  аз шакли коғазӣ  ба шакли электронии  мубодиллаи ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд. Бо истифода аз низом соҳибкор метавонад аз нуқтаи гунонуни ҷаҳон дархости шаклаш ягона ва замимаҳои заруриро ҷиҳати ба даст овардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ тақозо мешаванд, ирсол намояд ва  барнома ба таври автоматӣ вобаста ба намуди моли ворид ё содиршаванда онро ба мақомоти алоқаманд  дастрас месозад.

Дар доираи низом ба ҳар як иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва намояндагони он (ширкати брокерӣ) утоқи электронӣ кушода шуда, дар бахши омори он шумора, таърих ва вақти ирсоли дархост ба мақомот, инчунин санаи гирифтани иҷозат ва сертификатҳо дарҷ мегарданд. Дар утоқи электронӣ имконияти дар бойгонӣ  маҳфуз доштани маводҳои ба низом воридшуда мавҷуд буда, дар ҳолати зарурӣ соҳибкор метавонад аз онҳо дубора истифода намояд. Роҳбари мақомот ва ширкати тиҷоратӣ метавонад ваколати ворид ба низомро ба корманди худ дода, амалҳои ӯро дар реҷаи мустақим назорат кунад.

Барои вусъат бахшидани пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар дар низом таъсиси ҳамёни электронӣ пешбинӣ шудааст. Тавассути ҳамёни хеш соҳибкор метавонад ҳаққи хизматрасонии «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрукро пардохт намояд. Пурра кардани тавозун дар ҳамёни ширкати тиҷоратӣ тавассути посттерминалҳои пардохтӣ низ имконпазир хоҳад гашт.

Пас аз ҷорӣ шудани низом  тартиби омодасозии ҳисобот низ содда гардида, барнома бо як амал омори дархостҳои воридшуда ва ҳуҷҷатҳои содиргашта, ҳаҷм ва намуди мол, мамлакатеро, ки ба он маҳсулот содирот ва аз он мол воридот мешавад,  ба қайд мегирад.

АМИТ «Ховар»: — Яке аз омилҳои асосии  пешрафти ҳар як соҳа, аз ҷумла гузариш ба низоми «Равзанаи ягона» ба мутахассисони ҳирфаӣ ва базаи моддию техникӣ марбут аст. Бигӯед, ки дар ин самт чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

Хуршед Каримзода: — Бояд тазаккур дод, ки барои таъмини кори устувори низом эҳтиёҷоти вазорату идораҳои шомилшуда ва КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук ба лавозимоти техникӣ муайян гардида, ин лавозимот дар доираи Лоиҳаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳои наздисарҳадӣ  харидорӣ ва   ҳамаи нуқтаҳои корӣ  бо онҳо таъмин карда шудаанд.

Ширкати «Канком» барои нигоҳдории таҷҳизоти техникии таҳвилшуда ва ширкати барномасози «АйЮНетворкс» барои таъминоти барномавӣ 3 сол давраи кафолатӣ медиҳанд. Новобаста бар ин, бо дастгирии роҳбарияти Хадамоти гумрук, мутахассисони ҷавон, ки хамткунанагони Донишгоҳҳои техникӣ ва технологии кишвар мебошанд, дар КВД «Маркази Равзанаи ягона» ба кор ҷалб шуда, дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои номбурда баъд аз се соли кафолатӣ масъулияти нигоҳдории ташкилӣ ва техникии низомро ба зимма мегиранд. Ҳамзамон ширкати барномасоз бо дастгирии КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук 237 корманди ширкатҳои брокерӣ ва 180 мутахассиси мақомоти шомилшавандаро дар макони корӣ  истифодаи амалии низомро  ройгон омӯзонида, дар сурати пайдоиши нафарони иловагӣ онҳоро низ фаро мегирад.

Ҳамчунин, бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои фаъолияти босамари низом, бо пешниҳоди Хадамоти гумрук ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул гардид.

Дар қонун мафҳумҳои нав оид ба  низоми иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, дархост, қабул, эътироф, коркард, мубодила ва пешниҳоди электронии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат аз тарафи мақомоти дахлдор ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тавассути низоми иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, инчунин ҳамгироии байниидоравии электронӣ ба воситаи низом илова гардидаанд.

АМИТ «Ховар»: — Рӯйхати вазорату идораҳое, ки дар доираи  роҳандозии «Равзанаи ягона» аз ҳуҷҷатгузории коғазӣ ба электронӣ мегузаранд, тасдиқ  шудааст?

Хуршед Каримзода: —  Бале, ин рӯйхат  бо пешниҳоди Хадамоти гумрук қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» аз 24 июли соли 2020 тасдиқ шудааст.

Тибқи талаботи қарори мазкур аз 1 сентябри соли равон низом мавриди истифодаи расмӣ қарор дода шуда, пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз тарафи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқавории Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Хадамоти алоқа, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Палатаи савдо ва саноат, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври электронӣ сурат мегирад.

АМИТ «Ховар»: — Дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ  КВД «Маркази равзанаи ягона»-и назди Хадамоти гумрук  муваззаф гардидааст, ки дастрасии корхонаю идораҳоро ба «Равзанаи ягона» зимни содироту воридоти мол таъмин кунад. Дар ин росто  Маркази равзанаи ягона чӣ тадбирҳо андешид ва кадом корҳоҳоро ба анҷом расонидааст?

Хуршед Каримзода: — Мутобиқи банди 3-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» вазифадор шудааст, ки дастрасии истифодабарандагони онро ба низом таъмин намояд. Ин маънои онро дорад, ки бо пешниҳоди руйхати кормандони худ мақомоти шомилшуда ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар низом ба қайд гирифта шуда, оиди тарзи истифодаи он омӯзонида мешаванд.

 АМИТ  «Ховар»: — Аз нуқтаи назари Шумо муҳимияти гузариш ба ин расмиёт –низоми «Равзанаи ягона» дар чист ва он барои рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон чӣ саҳм мегузорад?

Хуршед Каримзода: — Ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба раванди амалигардонии консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, содда ва шаффоф намудани расмиёти савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ, инчунин, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ  мусоидат хоҳад кард. Роҳандозии низоми «Равзанаи ягонаи  барасмиятдарории  амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ»   қадами муассирест дар самти рушди иқтисодиёти миллӣ, тақвияти  иқтидори содиротии мамлакат ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ барои татбиқи механизмҳои пешрафтаи иттилоотию коммуникатсионӣ дар самти соддагардонии расмиёти савдо ва рушди тиҷорати байналмилалию дохилӣ, тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.

Август 27, 2020 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд