«ӮРО ГИРОМӢ ДОРЕД!». Боз як ҷасорати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва намунаи олии оини ҳамсоядорӣ дар минтақа

Август 20, 2020 14:31

ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи «Чорчаман» бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд. Ин воқеаи таърихӣ бори дигар аз ҷасорати нотакрор, қаҳрамонӣ, шуҷоат, мардонагӣ ва поси оини ибратбахши ҳамсоядории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳад. Чунин иброз намуд Аълочии матбуоти Тоҷикистон Маъмури Юсуфзод.

Чунин воқеаҳои нодир дар таърихи инсоният қариб ки ба чашм намерасанд. Сарвари як давлат бо сокинони як минтақаи ҷангзада, осебпазир, дар баробари ин ҳамсоя, ҳамзабон бидуни мувофиқаи пешакӣ дар суҳбати рўбарў қарор гирифт. Ин ҷо масоили таъмини амният ва дигар омилҳои хатарзо дар баробари муҳаббати тарафайн огоҳона сарфи назар гардидааст, ки аз намунаи олии инсондӯстии шахсияти оламшумул дарак медиҳад.

Воқеан ҳам дар ҳама давру замон нақши ҷомеасозӣ дар ҳамгироии ҳамсоядориро шахсиятҳои ҷовидона бозидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳову ташаббусҳо ва масъалагузорию иқдомҳои созанда бар нафъи аҳли башар дар арсаи олам шинохта шудаанд ва ҳоҷат ба тафсири он нест. Бисёр фараҳбахш ва ифтихоровар аст, ки шаҳрвандони кишвари ҳамсоя зимни суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти рӯзгорашон, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ, неруи барқ, алоқа, набудани роҳи мошингард ва дигар камбудиҳои ҷойдошта муроҷиат карданд.

Ин муроҷиат одӣ нест. Ин муҳаббати самимона, боварӣ, эътимоди шаҳрвандони як кишвари хориҷӣ, ҳамзамон дўсту бародар, ҳамзабон ба Президенти мардумии мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сарвари давлати мо дар баробари соҳиб шудан ба муҳаббати саршори сокинони мамлакатамон ба боварию эътимоди аҳолии он сӯйи марз низ даромадаанд.

Дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат бо дигар кишварҳои дорои вазъи ороми сиёсӣ, бахусус бо кишвари Афғонистон дар доираи сиёсати бобарори хориҷии Ҳукумати мамлакат ва дар чаҳорчӯби робитаҳои гуногунҷабҳа дар болои дарёи Панҷ пулҳои дӯстӣ бунёд карда шуданд. Бо сохтмони ин пулҳо рафтуомади бемамониати шаҳрвандони ду давлат оғоз шуда, бозорҳои наздисарҳадӣ ташкил гардиданд, ки сокинони ду тарафи соҳил аз он барои таъмини эҳтиёҷоти зиндагии хеш бо молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал самаранок истифода мебаранд.

Саволе пайдо мешавад, ки чаро сокинони кишвари ҳамсоя бо умед ва боварии том ба Сарвари давлати Тоҷикистон муроҷиат карданд? Онҳо диданд, таҳлил намуданд, хулоса карданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди хўрдаашон содиқ монданд. Ҷиҳати иҷрои ваъдаҳояшон амалан фидокорона кўшиш карданд, ки вазифаи муқаддасашонро сарбаландона иҷро намоянд. Дар замоне, ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, Пешвои миллат худро нороҳат ҳис мекарданд. Боре ҳатто дилсӯзона гуфтанд: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем».

Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷойи зисти аввалаашон баргардонида шуданд. 36 ҳазор хонаи пурра ё қисман харобшуда дар як муддати кўтоҳ барқарор шуд.

Сокинони он сўйи дарёи Панҷ дар вуҷуди Сарвари давлат сифатҳои зиёди инсони олию одӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсўзию ҷасорат, хоксорию ғурур бо риояи одоб ва эҳтироми оини ҳамсоядорӣ, ҳамзабонӣ, дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллат ва Ватан баркашидани ҳамаи инро ҳис карданд ва умедворона муроҷиат намуданд. Ва муҳимтар аз ҳама, медонанд, ки ин муроҷиати онҳо беҷавоб нахоҳад монд.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сатҳи кунунии ҳамкории судманди ду давлати дӯст, ҳамҷавор, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Афғонистон ибрози андеша карда, таъкид доштанд, ки ҳамаи мушкилиҳо дар доираи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.

Воқеан ҳам дар ин росто ба шарофати таҳкими равобити иқтисодӣ байни ду давлат якчанд барномаҳо амалӣ шуданд ва дар оянда низ  садҳо лоиҳаҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Агар аз дурбини воқеият нигоҳ кунем, бисёр риққатовар аст, ки дар он сӯи марз мардуми ҳамзабони мо «аз сару либос то хонаю палос» дар кадом сатҳ зиндагӣ доранд. Роҳҳои мумфарш, барқи доимӣ, бунёди садҳо иншооти таъйиноти гуногун дар Тоҷикистон барои ҳамсоякишвари мо мисли афсона аст, ки фосилаи ҳамагӣ сад ё дусадметра дорад.

Мо бояд бо ин қиёс шукрона намоем, ки замоне мисли ҳамсояаамон чунин шароит ва зиндагӣ доштему имрӯз сатҳи он хеле боло рафтааст, мутаассифона душманони миллат дар хориҷи мамлакат истода, танҳо дар қиёс бо ин ҳаводис пешрафти моро дида наметавонанд. Кӯр-кӯрона баҳо медиҳанд ва нишондоди соҳибони хориҷиашонро иҷро менамоянд.

Тавре таърихнигорон менависанд, моҳи декабри соли 1996 дар деҳаи Хосдеҳи ноҳияи Фархори Давлати исломии Афғонистон ҷанг мерафт, бо вуҷуди ин Сарвари давлати Тоҷикистон ба онҷо барои гуфтушунид рафтанд. Дар ҳолате, ки сару либоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пур аз чанг, дар кафи дасташон пиёлаи чойи сард буд, рўйи кўрпача мисли як марди одӣ нишаста, ҷон ба гарав гузошта, дар роҳи ташнагӣ ба сулҳу субот, ботамкинона, меҳрубонона, дурбинона сарварони мухолифро ба ваҳдат, сулҳу субот даъват мекарданд, ки ин хислатҳо аз шахсияти муқаррарӣ набуданашон гувоҳӣ медод.

Шери Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд ин ҳолатро дида, ба сарварони мухолифин  чунин муроҷиат менамояд: «Ман имрӯз Сарвари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ биорад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо дар солҳои ҷанг дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштаем».

Шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Афғонистон дар ин дидори таърихӣ ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имкони мулоқот ва нақшаву ниятҳои нек баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон, дарёфти роҳҳои рушди иқтисоди миллии давлати дӯсту ҳамсоя ва дигар иқдомҳои башардӯстона бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани Пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст.

Роҳе, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то расидан ба ин мақом тай кардаанд, ин роҳи осону саҳл набуда, роҳи ҷон ба гарав, роҳи камоли ҷавонмардӣ, хирадмандӣ, сарбаландӣ, роҳи пур аз шебу фароз, хатарнок, сангин, роҳи шикасти садди тилисмоти азим буд, ки ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аз он фахр менамояд.

Ин роҳ намунаи олии идеалсозию ибратбахши пайравӣ ба насли ҷавони имрӯзу фардост.

Август 20, 2020 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад
ГАРМОИ ШАДИД ДАР САЙЁРА. Он раванди даврии табиат аст ва ё таъсири инсон ба муҳит?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»