Санаи бозиҳои давраи 2-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол муайян гардид

Август 5, 2020 10:24

ДУШАНБЕ, 05.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои давраи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ва бозиҳои Ҷоми миллиро тасдиқ кард. Марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон 8  август шурӯъ мешавад. Ин мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Тақвими бозиҳои давраи дуюми Чемпионати Тоҷикистон тасдиқ шуд:

Давраи дувум

Даври 10-ум

8 август (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

  1. «Файзканд» – «Кӯктош»
  2. «Душанбе-83» – «Хуҷанд»
  3. «Локомотив-Помир» – «Истиқлол»

9 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

  1. «Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»
  2. КМВА – «Истаравшан»

Даври 11-ум

12 август (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

  1. «Истиқлол» – «Файзканд»
  2. «Хуҷанд» – «Локомотив-Помир»
  3. «Регар-ТадАЗ» – КМВА

13 август (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

  1. «Истаравшан» – «Душанбе-83»
  2. «Кӯктош» – «Хатлон»

Даври 12-ум

15 август (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

  1. «Истиқлол» – «Хуҷанд»
  2. 16 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

  1. «Файзканд» – «Хатлон»
  2. КМВА – «Кӯктош»
  3. «Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ»
  4. «Локомотив-Помир» – «Истаравшан»

Даври 13-ум

23 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

  1. «Регар-ТадАЗ» – «Локомотив-Помир»
  2. «Кӯктош» – «Душанбе-83»

24 август (душанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

  1. «Хуҷанд» – «Файзканд»
  2. «Истаравшан» – «Истиқлол»
  3. «Хатлон» – КМВА

Даври 14-ум

28 август (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

  1. «Файзканд» – КМВА
  2. «Душанбе-83» – «Хатлон»
  3. «Локомотив-Помир» – «Кӯктош»
  4. «Хуҷанд» – «Истаравшан»

29 август (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

  1. «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

Даври 15-ум

31 август (душанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

  1. «Истаравшан» – «Файзканд»
  2. «Хатлон» – «Локомотив-Помир»

1 сентябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

  1. «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»
  2. «Кӯктош» – «Истиқлол»
  3. КМВА – «Душанбе-83»

Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/4 финал

12-13 сентябр (шанбе, якшанбе)

Даври 16-ум

19 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

  1. «Файзканд» – «Душанбе-83»
  2. «Локомотив-Помир» – КМВА
  3. «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»

20 сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

  1. «Хатлон» – «Истиқлол»
  2. «Хуҷанд» – «Кӯктош»

Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/2 финал

22-23 сентябр (сешанбе, чоршанбе)

Даври 17-ум

26 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

  1. «Регар-ТадАЗ» – «Файзканд»
  2. «Кӯктош» – «Истаравшан»

27 сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

  1. «Хатлон» – «Хуҷанд»
  2. КМВА – «Истиқлол»
  3. «Душанбе-83» – «Локомотив-Помир»

Даври 18-ум

2 октябр (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 15:30

  1. «Файзканд» – «Локомотив-Помир»
  2. «Душанбе-83» – «Истиқлол»
  3. «Хуҷанд» – КМВА
  4. «Истаравшан» – «Хатлон»
  5. «Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

Ёдовар мешавем, ки  11-12 июл дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ҷамъбастии марҳилаи аввали Лигаи олии Тоҷикистон баргузор шуда буданд. Дар ин давр  дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозии даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон дар майдони худ  дастаи «Файзканд»- и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд.   Баъди ин пирӯзӣ  дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ марҳилаи аввали мусобиқаро бо 12 хол дар зинаи 5-ум ба поён расонид. Дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо 10 хол ба мақоми 7-ум фаромад. Дар яке аз бозиҳои дигари  даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар байни ҳам рақобат карданд. Бозии  ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Талко Арен»-и  шаҳри Турсунзода сурат гирифта, бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид.

Баъди ин бозии  ҷолиб дастаи  футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо 18 имтиёз ба ҷойи сеюм фаромад. Дастаи  «Регар ТадАЗ»  дар зинаи 8-ум боқӣ хоҳад монд. Дар бозии  дигари ин давр дастаи  футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан аз дастаи   КМВА  бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд.

Бозиҳои марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар соли 2020 хотима ёфтанд. Бозии охирини ин марҳила бо иштироки ду дастаи пойтахт  дастаи футболи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе  ва «Локоматив Помир»-и Душанбе ҷараён гирифт. Дар ин бозӣ ҷолиб дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бар дастаи  «Локоматив Помир»-и Душанбе бо натиҷаи  1:0 ғалаба намуд.

Баъд аз ин пирӯзӣ  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо касби 25 хол дар садри ҷадвал боқӣ монд. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  аз ҳарифи наздиктарини худ-дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 6 имтиёз зиёдтар дошта, ғолиби марҳилаи якуми чемпионат гашт. Бо бозӣ байни дастаҳои футболи   «Хуҷанд» ва «Душанбе-83» марҳилаи якуми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ хотима ёфт. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо натиҷаи 1:0 ба суди мизбонон анҷом  ёфт. Акнун баъди ин пирӯзӣ ноиб-чемпиони ҷумҳурӣ  бо ҳисоби 19 хол дар зинаи дуюми ҷадвал қарор гирифт. Дастаи футболи «Душанбе-83» 11 имтиёз дораду дар зинаи 6-ум мавқеъ касб намудааст. Ҳамин тавр марҳилаи якуми Чемпионати мамлакат  байни дастаҳои Лигаи олӣ хотима ёфт.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври  9-ум

«Кӯктош»-  «Файзканд»  3:1 (1:1)

Голҳо: Наврӯз Рустамов ’23 (пен.), Бунёд Шодиев ’45+1, Аббос Икромов ’87, Мӯҳсин Абдуғаффоров ’90+7 (пен.)

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Эҳсон Бобоев, 83 (0:1). Нозим Бобоҷонов, 87 (1:1).

«Истаравшан» – КМВА– 1:2

Голҳо: Шервони Мабатшоев, 4 (0:1). Шервони Мабатшоев, 12 (0:2). Илҳом Баротов, 70 (1:2).

«Истиқлол»-    «Локоматив Помир»  1:0

Гол:Рустам Соиров   дар дақиқаи 44-уми рақобат бо паси Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид.

«Хуҷанд» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Фирдавс Чақалов, 90+1.

ҶОЙ   ДАСТАҲО    Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 9 8 1 0 39-5 25
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 6 1 2 17-10 19
3 «Хатлон» (Бохтар) 9 5 3 1 16-12 18
4 КМВА(Душанбе) 9 4 2 3 13-12 14
5 «Куктош» (Рӯдакӣ) 9 3 3 3 11-12 12
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 9 3 2 4 9-16 11
7 «Файзканд» (Восеъ) 9 2 4 3 12-15 10
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 2 2 5 13-19 8
9 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 9 1 1 7 7-16 4
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 9 1 1 7 10-26 4

 

Манучеҳр  Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Алишер  Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 8 тӯб, Шериддин Бобоев ва  Рустам Соиров, («Истиқлол»)-, 6 тӯб, Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») — 5 тӯб,  Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Худойдод Узоқов («Хатлон»),  Шодибек Ғаффоров  ва  Шервони Мабатшоев (КМВА)  4  тӯб, Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»)  Идрис Аминов, Хуршед Абдуллоев ва Элчибек Рашидбеков ( ҳама «Душанбе-83»)  ва  Санҷар Рихсибоев («Хуҷанд»)   –  3-тӯбӣ.

 

 

Август 5, 2020 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Макао бозӣ мекунад
Мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ оид ба теннис дар Душанбе идома дорад
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад
«Регар-ТадАЗ» бори ҳаштум барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол шуд
Имрӯз бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол баргузор мегардад
«Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов» баъд аз таъмири куллӣ ба истифода дода шуд
Пагоҳ бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол баргузор мегардад
Ҷудочии тоҷик Рошид Неъматов дар Чемпионати Осиё байни наврасон медали тилло ба даст овард
Шамшербозони навраси тоҷик нахустин маротиба дар Ҷоми Осиё соҳиби медали биринҷӣ шуданд
Варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё соҳиби медали тилло гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими олимпии Филиппин бозӣ менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ бар Непал оғоз кард