Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 284 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд

Август 14, 2020 14:57

ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба COVID-19 дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи гузашта беш аз 284 ҳазор нафар зиёд шуда, ба зиёда аз 21 миллион нафар расид. Теъдоди ҳолатҳои фавт беш аз 6,6 ҳазор нафар зиёд шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандуруситӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ба ҳолати соати 13:00-и 14 август ба вақти Душанбе, дар ҷаҳон 21 088 317 (+284 113 давоми шабонарӯзи гузашта) ва 757 650 фавт (+6 655 давоми шабонарӯзи гузашта) ба қайд гирифта шудааст.

Дар минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ 10 950 220 нафар (+153 835 давоми шабонарӯзи гузашта) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 4 502 нафар зиёд шуда, ба 398 229 нафар расидааст.

Дар Аврупо 3 668 652 сироятёфта ва 218 255 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 26 107 ва фавт — 504 ҳолат афзудааст.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 2 830 404 ва қурбониён 56 636 мебошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 72 582 нафар зиёд шуда, 1 072 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 415 666. Баъдан Бразилия (3 229 621), Ҳиндустон (2 464 316), Россия (912 823), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ((572 865), Перу (507 996), Мексика (505 751), Колумбия (433 805), Чили (380 034) ва Испания (355 856) ҷойгиранд.

Август 14, 2020 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн