«ШОИР МУҶАССАМАИ ХУДРО ГУЗОШТААСТ». Камол Насрулло дар марсияи худ дар сӯгвории Гулназар чунин навиштааст

Август 17, 2020 08:43

ДУШАНБЕ, 17.08.2020/АМИТ «Ховар»/. «Ба шоирони бузург одатан муҷассамаҳо мегузоранд. Аммо шоири асил ва тавоно тандеси худро худ мегузорад», — нигоштааст Камол Насрулло дар марсияе, ки дар сӯгвории Гулназар Келди навиштааст.

Тавре хабар додем, 13 август дар Душанбе баъди бемории кӯтоҳ Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Худи ҳамон рӯз ҷасади шоири маҳбуби халқ дар оромгоҳи Лучоб, дар канори мадфани дигар бузургони адабиёт ва илму фарҳанги Тоҷикистон ба хок супорида шуд.

Дар марсияе, ки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар сӯгвории Гулназар навиштааст ва он 15 август  дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ гардид, омадааст:

«Устод Гулназар тандес ва муҷассамаи бегазанди худро дар сухан гузоштааст ва худ ҳам эълом доштааст, ки ин тандес Ватан аст, Ватане, ки ӯ дар саросари ашъораш самимонаву шоирона сутудааст:

Ин Ватан ҳайкали мо хоҳад буд,
Зиндатар аз дили мо хоҳад буд.
Ҳадди охир, ки ба номаш бирасем,
Боз ҳам аввали мо хоҳад буд».

Яъне, бино бо навиштаи Камол Насрулло,  «ӯ (Гулназар.- тавз. АМИТ «Ховар»)  мӯътакид аст, ки ӯро ҳамин ду мафҳум зинда медорад: сухан ва Ватан, зеро Ватани ӯ дар сухан ва сухани ӯ дар Ватан решаҳои абадӣ ёфтаанд».

«Дар ҳарфу ҳиҷош меҳри Меҳан,
Бар фатҳи башорати башар рафт…»,

-мехонем дар марсияи Камол Насрулло.

Камол Насрулло иброз намудааст, ки шеъре дорад дар васфи Гулназар бо номи «Гулназари гулназар», ки онро панҷ сол пеш дар таҷлили ҷашни ҳафтодсолагии шоири шаҳир навиштаву дар базми шеър, дар маркази ноҳияи Айнӣ, қироат карда будааст.

«Мехостам онро дар рӯзҳои базми 75-солагишон дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба чоп супорам ва дар базми шеърашон қироат бикунам. Ҳеҷ гумон надоштам, ки ин шеър дар рӯзҳои гарони мотамашон ба нашр мерасад», — навиштааст Камол Насрулло.

Дар ҳамин шеър ҳам ишора ба он аст, ки тамоми ашъори устод Гулназар, ки ба мавзҳои гуногун бахшида шудааст,  саршор аз муҳаббат ба ватани азизи худ Тоҷикистон аст:

Ҳарчи сухан гуфтаӣ, дарди Ватан гуфтаӣ,
Аз дилу ҷону ҷигар, Гулназари гулназар.

Август 17, 2020 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ