ПРАНКЕРОН* ДАР ДУШАНБЕ! Бо дархости корбарони интернетӣ Шаҳриёр Давлатов бо ҳамаслаконаш боздошт шуд

Август 7, 2020 13:34

ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар шабакаи шахсии сарояндаи ҷавон Шаҳриёр Давлатов дар «Ютуб» навор ё ба истилоҳ «пранк»-е нашр гардид, ки дар он ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби бадгуфториву алфози қабеҳ инъикос ёфтаанд. Навори мазкур мавриди вокуниши манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбат ба чунин блогерон чора дида шавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки навори мазкур қаблан бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибмулки шабака, яъне Шаҳриёр  Давлатов (Шаҳриёри Давлат) гӯё ба хотири санҷиш ва мушоҳидаи вокуниши ӯ омода гаштааст. Дар навори мазкур дида мешавад, ки ҷавонони ҳамкор ва ё шогирдони Шаҳриёр чархҳои мошини ӯро кушода, ба истилоҳ ӯро «пранк» намуда, мехоҳанд вокуниш ва ҷавоби Шаҳриёрро дар чунин ҳолат мавриди санҷиш қарор диҳанд. Дар натиҷа Шаҳриёр Давлатов чуноне дар навор дида мешавад, бо мушоҳидаи ин ҳолат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба ҳамкорони худ суханони қабеҳ ва амалу рафтори ноҷо намуда, ҳамзамон дидаву дониста ин наворро, ки дорои саҳнаи хушунат ва алфози қабеҳ мебошад, дар шабакаи худ нашр намудааст.

Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба ҳолати мазкур чорабиниҳои дахлдори фаврӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, ҳамаи он нафароне, ки дар омода ва паҳн намудани навори мазкур даст доранд, муайян ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Аз ҷумла:
Давлатов Шаҳриёр Нусратович соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш, ҷамоати деҳоти Киров-1, деҳаи Қӯштеппа, Мирзоев Дилшод Нодирович, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Гулисой ва Солеҳзода Фарҳод Файзулло, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Ҳасан-Ҳусейн, деҳаи Тилло Солеҳ дастгир ва нисбат ба онҳо тадбир андешида шуд.

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбат ба ҳамаи номбурдагон тибқи талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбат ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯзӣ таъйин карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки чанде пеш дар ИМА ду бародар – Алан ва Алекс дар дасташон борхалта,  ба саршон ниқоб кашида,  дар кӯча бо ҳаяҷони дурӯғ ба роҳгузарон мегуфтанд, ки онҳо ҳамин ҳоло пулҳои банкеро дуздидаанд ва мехоҳанд фирор кунанд  ва хоҳиш кардаанд одамон дар ин кор ба ҳарду кӯмак намоянд.  Дере нагузашта политсия расида меояд ва ҳардуро дастгир менамояд. Ҳоло ҳарду бародар  дар маҳбас ба сар мебаранд. “Ин шӯхӣ не, ин авбошӣ ва ҷиноят аст, ки дар натиҷаи он касе ё чанд нафар метавонист ҷароҳат бардорад ва ҳатто қурбон шавад”, — навиштанд рӯзномаҳои амрикоӣ.

_______________________________________        

*Пранкерон (аз калимаи англисии «prank» ба маънии шӯхӣ, фиреб)  —  авбошони телефонӣ, ки бе зикри ном ва нишон додани рақами худ ба одамон зангҳои маҳфуз (анонимӣ) зада, бо шӯхиҳои ноҷо ва  дурӯғу каззоб фитна меангезанд. Имрӯзҳо дар саросари дунё пранкерон “шӯхиҳо”-и худ ва натиҷаи онҳоро дар интернет ба намоиш мегузоранд.

Август 7, 2020 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Шабакаи зиддитеррористии Осиёи Марказӣ дар Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«ДӮСТӢ-2025». Машқҳои зиддитеррористии Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардиданд
Дар Тоҷикистон бар асари 564 ҳодисаи сӯхтор 14 нафар ҳалок гардидааст
Сари вақт напардохтани маблағ ва дуздии барқ яке аз сабабҳои норасоии барқ дар зимистон аст
Давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ зиёд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуд
Хадамоти давлатии оташнишонӣ кафили бехатарии мардуми Тоҷикистон аст. Ба ифтихори иди касбии кормандони соҳа
Аз 26 то 29 июл дар баъзе кӯчаҳо ва хиёбони Рӯдакии пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон беш аз 107 ҳазор килограмм маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷамъомадӣ таълимӣ-методӣ доир гардид