Тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр мерасад

Август 14, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расида, пешкаши хонандагон гардонида шавад. Бо мақсади таҳияи тафсири Кодекси мазкур дар назди Хадамоти гумрук дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки ба он олимону мутахассисон шомил мебошанд. Дар ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ лоиҳаи тафсири Кодекси гумрук пурра мавриди таҳрир ва ягонасозии сабку услуб қарор гирифт. Дар ин хусус аз Хадамоти  гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тафсир имкон медиҳад, ки татбиқи меъёрҳои он аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук сари вақт ва дуруст ба роҳ монда шуда, дастрасии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба маълумоти марбут ба расмиёти гумрукӣ васеъ гардида, мазмуни меъёрҳои Кодекс возеҳу равшан гардад.

Ҳамчунин тафсири Кодекси гумрук метавонад ба раванди тадрису омӯзиши муассири кори соҳаи мазкур  дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мусоидат намояд.

Бояд тазаккур дод, ки Кодекси гумрук  аз  62 боб  ва 508 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти гумрукро муайян менамояд. Он ба ҳимояи истиқлолият ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол сохтани муносибатҳои иқтисодии  Тоҷикистон дар низоми  муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорию мақомоти давлатӣ ва аз ҷониби онҳо риоя намудани уҳдадориҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нигаронида шудааст.

Август 14, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд