ТИРАМОҲ ДУШВОРТАР ХОҲАД ШУД. Вазъи вобаста ба коронавирус дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон

Август 11, 2020 10:44

ДУШАНБЕ, 11.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Суръати тавсеаи уфунати коронавирус дар ҷаҳон ҳамоно баланд аст. Манбаи асосии уфунат  панҷгонаи пештоз: ИМА, Бразилия, Ҳиндустон, Россия ва Африқои Ҷанубӣ мебошанд. Дар ин хусус дар маводи Podrobno.uz.маълумот пешниҳод шудааст.

Вазъият дар кишварҳои Аврупо тамоюли бадшавии худро идома медиҳад. Мақомоти пойтахти Франсия-Париж тамоми шаҳрвандонро вазифадор кардаанд, ки сар аз 10 август дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб бипӯшанд. Қаблан чунин қарор дар чанд замини федералии Германия қабул шуда буд. Чораҳои маҳдудкунанда дар Австрия, Швейтсария ва дигар давлатҳои қитъа низ қабул мешаванд.

Дар айни замон, дар рӯзҳои охир вазъи эпидемиологӣ дар Қазоқистон ва Қирғизистон ба таври назаррас ба субот омадааст. Коҳиши ҳолатҳои нави сироятёбӣ далели ин гуфта мебошад: мутаносибан 741 ва 166. Инҳо нишондиҳандаҳои сатҳи пасттарин дар моҳи охир дар ин кишварҳо мебошанд. Теъдоди одамони аз ин беморӣ шифоёфта низ афзоиш меёбад. Аз шумораи умумии беморон дар Қазоқистон — 76,8% ва дар Қирғизистон — 80,1%  шифо ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон таносуби шумораи умумии сироятёфтагон, шифоёфтагон ва  ҷонбохтагон амалан тағйир наёфтааст.

1.Омор

Тибқи маълумоти Worldometers, то соати 17:00 -и 10 август шумораи умумии беморон дар ҷаҳон ба 20 миллиону 46,6 ҳазор нафар расид ва 734,5 тан ҷон бохтаанд.

Мамлакатҳои аз ҳама бештар сироятёфта: ИМА — 5 млн. 199,5 ҳазор, Бразилия — 3 млн.  35,5 ҳазор ва Ҳиндустон — 2 млн. 217,6 ҳазор.

Аз рӯи шумораи ҳолатҳои маргу мир: дар ИМА — 165 617 фавт, Бразилия — 101 136, Мексика — 52 298, Бритониёи Кабир — 46 574 ва Ҳиндустон — 44 499.

Дар айни замон, шумораи умумии беморони аз COVID-19 шифоёфта ба 12,915,486 нафар расидааст (+180 617) — 64.4% ҳамаи сироятёфтагон.

Дар Россия давоми шабонарӯзи гузашта 5 118 ҳолати нави сироятёбӣ  ошкор шудааст. Шумораи умумии сироятёфтагон ба 892 654 тан расидааст, 696 691 бемор шифо ёфта (+3 259), 15 001 (+70) ҷон бохтаанд.

Дар Беларус дар як шабонарӯз 112 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, шумораи сироятёфтагон — 68 850 нафар, шифоёфтагон — 64 935 (+191) нафар ва ҷонбохтагон — 587 тан (+2).

 Вазъият дар Осиёи Марказӣ

Дар Қазоқистон дар як рӯз 741 ҳолати нави сироятиёбӣ ошкор шудааст, шумораи умумии беморон ба 94,442 нафар расид, 72,523 нафар шифо ёфтааст (+250), 1058 тан ҷон бохтааст (бидуни тағйирот).

Вазорати тандурустии Қазоқистон иброз намудааст, ки густариши  коронавирус дар кишвар манъ шудааст. Тавре Liter.kz бо истинод ба намояндаи расмии департамент Б. Коджахметов хабар медиҳад, вазъ ба субот омадааст ва пурра таҳти назорати мақомот қарор дорад. Ба гуфти ӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки кишвар давраи вазнинро аз сар гузаронид.

Марҳилаи навбатии муҳими мубориза бо тавсеаи COVID-19- ин коҳиши минбаъдаи сатҳи сироятёбӣ ва маргу мир на танҳо аз ин вирус, балки инчунин аз дигар омилҳои ҳамроҳи пандемия низ мебошад. Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ҳар як шаҳрванди Қазоқистонро даъват мекунад, ки сарфи назар аз карантин талаботи санитариро риоя кунад.

Пештар, 3 август, вазири тандурустӣ А. Тсой зикр карда буд, ки авҷи тобистони коронавирус паси сар шуд ва Қазоқистон ба авҷи тирамоҳӣ омода аст.

Дар Қирғизистон 166 бемори нав ба қайд гирифта шудааст, шумораи умумии сироятёфтагон ба 40855 нафар расидааст, 32,126 (+304) тан шифо ёфтааст ва 1474 (+6) тан ҷон бохтааст.

Бино ба гузориши Sputnik — и  Қирғизистон, олимон шакли нави тағйирёфтаи COVID-19-ро дар Қирғизистон ошкор кардаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон барои муайян кардани пайдоиши штаммҳои COVID-19, ки дар ҷумҳурӣ гардиш мекунанд, таҳқиқот гузаронидааст. Мутахассисон 20 намунаи луоби даҳону бинии одамони сироятёфтаро ба маркази Россия «Вектор» ирсол кардаанд. Маълум шуд, ки аз 20 намунаи ирсолшуда, сетои он дорои таъсири баланди ситопатогенӣ мебошанд. Ба ибораи дигар, вирус шакли худро тағйир додааст.

Сардори Раёсати тандурустии ҷамъиятии Вазорати тандурустии Қирғизистон А. Акматова гуфт, ки истифодаи ин се намуна барои таҳлили минбаъда нишон дод, ки вирус ба Қирғизистон оварда шудааст ва минбаъд дар қаламрави кишвар тадриҷан такомул ёфтааст.

Дар Тоҷикистон — 39 ҳолати нав, шумораи умумии беморон — 7 745 нафар,  6 573 (+89) шифо ёфтаанд, 62 тан ҷон бохтаанд (бетағйир).

Дар Туркманистон расман ягон ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистон ҳамагӣ 37,162 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, 26 228 нафар шифо ёфтааст, 1328 тан ҷон бохтааст.

Дар Ӯзбекистон 31,068 ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст, 22 042 нафар шифо ёфтааст, 198 тан ҷон бохтааст.

2.Тамоюлҳои охирини ҷаҳон

Раиси Суди олии федералии Бразилия Д.Тоффоли эълом намуд, ки кишвараш ҳаргиз ба чунин фоҷиаи миқёсан густурда мувоҷеҳ нашуда буд. Вай ба хешу ақрабои фавтидагон изҳори тасаллияти амиқ кард. Парчамҳои кишвар дар назди бинои парламент аллакай ҳамчун нишони мотам нимапоин шудаанд. Ёдовар мешавем, ки дар моҳи май низ дар ҷумҳурӣ мотами серӯза эълон шуда буд. Ин замоне сурат гирифт, ки шумораи ҷонбохтагони COVID-19 аз марзи 10 ҳазор тан убур намуд.

Тибқи иттилои Greekcitytimes.com, чанд рӯз қабл дар Юнон 203 ҳолати нави сироятёбӣ сабт шуда буд, ки баландтарин шумораи ҳаррӯзаи сабти беморӣ аз оғози пандемия мебошад. Тибқи иттилои сомона, ин вазъият мақомотро нигарон  кардааст ва дар айни замон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии беморӣ ҷорӣ кардани чораҳои маҳдудкунандаро баррасӣ мекунанд. Шумораи пешини ҳадди аксари ҳолатҳои дар як рӯз сабт шуда — 156 нафар бемори нав буд ва  моҳи апрел сабт шуда буд.

Дар натиҷаи буҳрони миқёсан калони вобаста ба пандемияи коронавирус даромадҳои соҳаи сайёҳии Германия 47% кам шудаанд. Дар ин бора дар гузориши Идораи федералии омор (destatis.de) гуфта шудааст.

Ассотсиатсияи меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои Германия (Dehoga) хабар дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон ҳам сайёҳии дохилӣ ва ҳам хориҷӣ амалан «қатъ шуда буд». Чораҳои шадиди маҳдудкунанда боиси талафоти назаррас ва якбора паст шудани миқдори фармоиши ҷой дар меҳмонхонаҳои  минтақаҳои истироҳатӣ гардид.

Соҳаи мазкур аз ин метарсад, ки бо сабаби дар рӯзҳои охир зиёд шудани ҳолатҳои сироятёбӣ дар қаламрави кишвар даромади он минбаъд боз камтар мешавад.

The Daily Telegraph хабар медиҳад, ки мақомоти Бритониё метавонанд интишори омори ҳаррӯзаро дар бораи маргу мири вобаста ба коронавирус қатъ кунанд, зеро онҳо ба саҳеҳии рақамҳои дар он овардашуда бовар надоранд. Ҳоло методологияи тартиб додани омори миллӣ оид ба коронавирус (дар мавриди ҳолатҳои маргу мир) омӯхта мешавад. Санҷиш бо ташаббуси вазири тандурустии шоҳигарӣ М.Хэнкок сурат мегирад ва ӯ бар ин бовар аст, ки мақомоти Англия шумораи фавтидагонро «барзиёд» нишон додаанд.

Зикр карда мешавад, ки қарори ниҳоӣ дар бораи интишори ҳафтаина ё ҳаррӯзаи  маълумот оид ба ҳолатҳои маргу мир дар тӯли ин ҳафта қабул хоҳад шуд.

3.Тадбирҳо оид ба таҳияи ваксина ва доруҳо бар зидди COVID-19, таҳқиқоти олимон

Президенти Институти олмонии П.Эрлиха — К.Чичутек итминон дорад, ки ваксинаҳо зидди коронавирус моҳҳои наздик дастрас хоҳанд шуд. Тибқи ҳисобҳои ӯ, ваксинаҳо метавонанд охири соли равон ё аввали соли оянда сохта шаванд, ба шарте ки санҷишҳои марҳилаи сеюм бомуваффақият анҷом ёбанд. Суханони ӯро «Redaktions Netzwerk Deutschland» овардааст.

К.Чичутек махсусан зикр кард, ки «ваксина — номзадҳои гуногун  эминии зидди коронавирусро дар бадани одамон ба вуҷуд меоранд». Ҳамзамон коршинос умеди онро, ки чораҳои вобаста ба риояи фосилаи иҷтимоӣ ва гигиенаи шахсӣ пас аз тасдиқ шудани ваксинаҳо зиёдатӣ хоҳанд шуд, барбод дод. Бо вуҷуди ин, К.Чичутек изҳори умедворӣ кард, ки соли оянда тадриҷан аз ин чораҳо даст кашидан мумкин хоҳад шуд.

Олимони Япония бо роҳбарии вирусологи калони кишвар Х.Ошитани «паҳнкунандагони асосӣ» -и коронавирусро муайян карданд. Онҳо ҳолатҳоеро омӯхтаанд, ки ҳамзамон япониҳо бо вирус сироят ёфтаанд. Мавзӯи таҳқиқот 61 чунин ҳолат шудааст.

Дар 22 ҳолат олимон тавонистанд муайян кунанд, ки аз кӣ онҳо эҳтимолан сироят ёфтаанд. Маълум шуд, ки интиқолдиҳандаи уфунат занҳои то 30-сола будаанд, дар ҳоле ки бемории онҳо бидуни нишона будааст. Ҷойҳои сироятёбии онҳо  — тарабхонаҳо, толорҳои консертӣ, клубҳо, барҳо ва салонҳои фитнесӣ будаанд. Ҳамаи ин ҷойҳо ба таври дуруст таҳвия намешаванд. Ба гуфтаи олимон, инчунин машрубот нақши муҳим мебозад, чунки таҳти таъсири он одамон риояи талаботи эпидемиологиро қатъ мекунанд.

Олимон инчунин иддао доранд, ки барҳои караоке, ки асосан ҷойи ҷамъшавии  ҷавонон мебошанд, манбаи сироят мебошанд. Қайд шудааст, ки хонаи дарбаста, ки дар он ҷо бо овози баланд суруд мехонанд, муҳити мусоид барои вирусҳо мебошад.

Академики Академияи илмҳои Россия, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии  эпидемиология ва микробиологияи ба номи Пастер А. Тотолян гуфт, ки шахсоне ҳастанд, ки ба коронавируси нав сироят намешаванд, менависад рӯзномаи «Известия». Ба гуфтаи академик, як гурӯҳи муайяни одамон дар муқобили SARS-CoV-2 масуният доранд. Яке аз сабабҳои ин метавонад вазъи эминии бадан бошад, аммо шумораи ин қабил одамон чандон зиёд нест. Коршинос зикр кард, ки чунин ҳолатҳо омӯзиши дақиқ талаб мекунанд, зеро онҳо метавонанд назар ба ваксина барои эҷоди воситаҳои универсалӣ ва самараноки мубориза алайҳи коронавирус кумак кунанд.

Дар айни замон, А. Тотолян мӯътақид аст, ки дар тирамоҳ аҳолии Россияро  раванди сангинтари COVID-19 интизор аст. Аммо, сарфи назар аз ин, ӯ имкони дубора ҷорӣ кардани режими худмаҳдудкуниро истисно мекунад.

4.Тадбирҳо оид ба коҳиши ниҳоии пайомадҳои COVID-19 ва хориҷ шудан аз карантин

Тибқи иттилои ТАСС, мақомоти пойтахти Франсия — Париж сокинонро вазифадор кардаанд, ки дар ҷойҳои серодам ниқоб бипӯшанд. Мақомоти шаҳрдорӣ дар шарҳи ин иқдом гуфтаанд, ки ин ба бад шудани вазъи  тавсеаи коронавирус вобаста аст. Мутобиқи маълумоти мақомоти шаҳрдорӣ, 2,4% санҷишҳои тестии коронавирус дар Париж мусбат мебошанд, дар ҳоле ки дар кишвар ҳисоби миёнаи ин нишондод 1,6% -ро ташкил медиҳад. Дар заминаи ин нишондодҳо ва мутобиқи тавсияҳои агентии минтақавии тандурустӣ, ҳукуматдорон қарор карданд, ки тамоми одамони аз 11-сола боло вазифадор карда шаванд, ки дар кӯча ниқоб бипӯшанд.

Ҳукумати Украина тасмим гирифтааст, ки системаи пайгирии робитаҳои шахсони мубталои коронавирусро ташкил намояд. Дар ин бора сарвазир Д.Шмигал дар Telegram — канали худ хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, Вазорати тандурустӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати молия бояд системаи самарабахши пайгирии робитаҳои одамони гирифтори COVID-19 -ро таъсис бидиҳанд. Таҳқиқоти эпидемиологӣ бояд бо назорати қатъии худмаҳдудкунӣ сурат бигиранд. Қаблан дар Киев онҳо аз эҳтимоли дубора ҷорӣ намудани карантин ҳушдор дода буданд.

Президенти Россия В. Путин ба ҳукумат дастур дод, ки эмкунии зидди зукомро дар мавсими тирамоҳу зимистони оянда барои 60% аҳолии кишвар, аз ҷумла то 75% россиягиҳои шомили гурӯҳи хатарнок маблағгузорӣ намояд. Тавре ки сомонаи расмии Кремл рӯзи душанбе иттилоъ дод, сарвари давлат ин дастурро пас аз ҷаласаи  29 июл оид ба омодагии системаи тандурустӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 содир намуд.

Инчунин ба Девони вазирони Россия дастур дода шуд, ки барои таъмини доруворӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ ба ташкилоти тиббӣ, аз ҷумла афзори тиббӣ бо шумули системаҳои тестӣ, воситаҳои ҳифозати инфиродӣ, таҷҳизот,  воситаҳои дезинфексиякунонӣ ва безараргардонӣ, ки барои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои шадиди вирусии респираторӣ, аз ҷумла коронавируси нав заруранд, маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.

АКС:UzReport

 

Август 11, 2020 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»