Тоҷикистон ва Россия ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук дар мавзӯи «Ҳамкории Чумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкорӣ» мизи мудаввар доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ширкат варзиданд.
Дар доираи мизи мудаввар рӯнамоиҳо дар бораи таҷрибаи кишварҳо дар татбиқи низоми электронӣ дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, андозбандӣ, гумрук, рушди тиҷорат ва сайёҳӣ муаррифӣ шуданд.
Пас аз анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамаҷониба ва истифодаи самарабахши ҳамкории дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд.










Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






