Варзиш-масъулияти баланд ва дастоварди беназир: бардошт аз таҷлили Рўзи варзишгарон дар Душанбе

Август 11, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 11.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии дирӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» бахшида ба  Рўзи варзишгарони Тоҷикистон бо иштироки  собиқадорони варзиш, мураббиён, варзишгарони маъруфи пойтахт ва ҷоизадорону ғолибони мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Осим Муродзода  ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ҳамоиши мазкур сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ҷавонону варзишгарони пойтахтро бо ҷашни касбиашон табрик намуда, гуфт, ки баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

«Варзиш на танҳо тарзи ҳаёти солим, балки масъулияти баланд ва дастоварди беназир барои ҳар фард, ҷомеа, миллат ва давлат буда, дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти мо он низ ҳамеша дар рушду такомул аст»,- гуфт Шоҳзод Раҳимзода.

Собиқадори соҳаи варзиш Мирзо Шамсиев ва аввалин гирандаи роҳхати бозиҳои олимпии Токио-2020 Шаббос Негматуллоев сухан карда, дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро дар самти варзиш дар миқёси ҷумҳурӣ арзанда маънидод намуданд.

Дар анҷом ба хотири саҳми арзанда гузоштан дар рушди  тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва дастгириву ҳидоятҳо ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар самти омода намудани варзишгарони касбӣ собиқадорони соҳаи варзиш бо туҳфа ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин мураббиёну роҳбарияти мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе  барои саҳми назаррас дар корҳои ҷамъиятӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва мураббиёну дастпарварони муассисаҳои варзишӣ бо унвонҳои варзишӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Август 11, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд