ВКД ТОҶИКИСТОН: Бо вуҷуди кам гардидани шумораи садамаҳои нақлиётӣ ин масъала ташвишовар боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди коҳиш ёфтани шумораи садамаҳои нақлиётӣ дар шаш моҳи аввали соли равон ин масъала ҳанӯз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар шашмоҳаи якуми соли 2020 бар асари 440 садамаи нақлиётӣ 151 нафар одамон ба ҳалокат расида, 516 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 шумораи садамаҳо 80 адад ё 15,4 фоиз, ҳалокшудагон- 23 нафар ё 13,2 фоиз ва маҷрӯҳшудагон 49 нафар ё 8,7 фоиз кам шудааст.
Дар ин бора имрӯз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ 12293 (2019-12549) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256 ҷиноят ё ин ки 2 фоиз кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он – 35 ҳолат, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ — 56, таҷовуз ба номус — 16, роҳзанӣ — 17, савдои одамон — 10, ғоратгарӣ — 68, авбошӣ — 556, қаллобӣ — 1452, гардиши ғайриқонунии силоҳ — 23, дуздӣ — 3415, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор — 357, ҷиноят бо истифодаи силоҳ — 22 ва дигар ҷиноятҳо 6266 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб гирифташуда 8710 (2019-8775) ҳолати он аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шудааст.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар шаш моҳи соли 2020 дар ҷумҳурӣ ҷиноятҳои аз ҳама зиёд содиршуда — ин дуздӣ ( 3415), қаллобӣ (1452) ва авбошӣ (556) мебошанд.








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






