ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Бонувони Муъминобод ба давраи сармо омодагӣ мебинанд

Август 23, 2020 09:26

ДУШАНБЕ, 23.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонувони ноҳияи Муъминобод барои давраи зимистон аз меваю сабзавот шарбатҳои гуногун, мураббо ва хӯриш омода менамоянд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи оқилонаи қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ, захира кардани маҳсулоти донагӣ ва омодагии пурра ба давраи зимистони солҳои 2020-2021 корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни занон ба роҳ мондааст.

Натиҷаи ҳамин аст, ки занони деҳоти ноҳия дар мавсими имсола ҳар кадоме 200-300  қутии шартӣ консерва, хӯришу мураббо ва  шарбатҳо омода намудаанд. Ин гуна маъракаҳои консервакунонии меваю сабзавот аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ дар байни занҳои деҳоти ноҳия вақтҳои охир ривоҷ ёфтаааст.

Зеро, тавре ки дар урфият мегӯянд, «захира дар тобистон-роҳати ҷон дар зимистон».

Август 23, 2020 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад