1 сентябр — Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз якдилию созандагии аҳли меҳнат сарчашма мегирад
ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар ҷумҳурӣ Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ таҷлил мегардад.
1 сентябрро иттифоқҳои касабаи меҳнаткашони кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ ҷашн мегиранд. Ҳамасола ин ҷашн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо cоли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷашн гирифта мешуд, аммо имсол бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавирус Дарси сулҳ дар мамлакати мо 17 август оғоз гардид.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 72-сола мешавад. 15 апрели соли 1926 Анҷумани I иттифоқҳои касабаи РАСС Тоҷикистон баргузор гардид, ки бо қарори он мақоми роҳбарикунандаи иттифоқҳои касаба-Тоҷиксовпроф таъсис дода шуд.
Соли 1948 Тоҷиксовпроф (ҳозира Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ) аз нав таъсис дода шуд. То якуми июли соли 2020 теъдоди аъзои умумии иттифоқи касаба 900 122 нафарро ташкил дода, онҳо дар 11095 ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба муттаҳид гаштаанд. Федератсия ва ташкилоти ҳамузви он ҳамкориро бо ташкилоти байналмилалии иттифоқҳои касаба хуб ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин Федератсияи мазкур узви КУИК буда, дар доираи салоҳияти худ дар бисёр чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолият ва неруи касбӣ, обрӯ ва нуфузи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро ба хориҷиён муаррифӣ кардааст. Дар баробари ин солҳои охир ҳамкории Федератсия бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат густариш меёбад.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Файзизода иброз намуд, ки ҳаракати иттифоқҳои касаба дар радифи муттаҳидсозии меҳнаткашони соҳаҳои мухталиф метавонад имрӯз таҷассумгари манфиатҳои табақаҳои гуногуни коргарон, бахусус онҳое, ки дар мақомоти мухталифи давлатию ҷамъиятӣ ва бонкӣ ба ҳайси ходими қаторӣ фаъолият мебаранд, гардад. Ва ин самти калидии фаъолият дар давраи минбаъда маҳсуб меёбад, чунки имрӯз танҳо иттифоқи касаба ҳамчун ҳомии ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатию иҷтимоии меҳнаткашон эътироф шудааст.
Аъзои иттифоқи касаба чун кулли мардуми Тоҷикистон барои рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат, таъмини ҳаёти арзандаи бошандагони ин сарзамини куҳанбунёд заҳмат мекашанд ва ҷиҳати ба ояндагон боқӣ гузоштани Ватани ободу осуда ва арзандаи ифтихору дӯстдорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
“Мо бо сарбаландӣ гуфтанӣ ҳастем, ки иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамарӯза ҳамроҳу ҳамқадам ва ҳамнафаси аҳли меҳнати мамлакат мебошанд ва дар пешрафти ҷомеаи навин мавқеи муайян доранд. Мақсаду мароми он ба мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат, якпорчагии мамлакат, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, масъалаҳои иҷтимоии аҳли меҳнат равона карда шудааст”, –иброз намуд раиси Федератсия.
-Мо хуб медонем, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба ва обрӯю эътибори онҳо дар байни аҳли меҳнат дар зиндагии бомаром, фазои сулҳу дӯстӣ, ҷои кори ҳамешагӣ, музди меҳнати арзанда, якдилию якпорчагӣ ва созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат муайян мегардад. Аз ин лиҳоз, иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар асоси ғояҳои тараққипарвар, ки мақсаду маромаш ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва меҳнатии шаҳрвандон, сатҳи баланди зиндагӣ, дастгирии истеҳсолкунандагон, интизоми хуби меҳнат, пешрафти истеҳсолот, таъмини коллективҳои меҳнатӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ мебошад, фаъолият дорад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 октябри соли 2019 дар вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, «дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд».
Умед аст, ки сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ, ҳамкории созмонҳо, ҷамъиятҳо ва ҳизбҳои гуногун ва пеш аз ҳама, меҳнати бунёдкоронаи хурду бузурги ҷомеа мамлакати моро дар муддати на чандон зиёд ба қуллаҳои баланди умеду орзуҳоямон мерасонад ва Тоҷикистони азиз ба давлати мутараққии ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»








Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд






