Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои тарабхонаи «Эҳсон»-ро дар шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба ятимони кулл туҳфаҳо тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Бохтар бинои тарабхонаи «Эҳсон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои тарабхонаи «Эҳсон» дар маркази вилояти Хатлон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Даврон Мирзозода дар масоҳати 1650 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Иншооти тозабунёд аз ҷиҳати тарҳ ва лоиҳаи меъморӣ нисбат ба дигар тарабхонаҳои шаҳри Бохтар фарқкунанда буда, намои берунӣ ва дохилии бино аз ҷониби сохтмончиёни бомаҳорати ватанӣ бо нақшу нигори миллӣ ва аврупоӣ зебу зинат дода шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар тарабхона то 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимиву маоши хуб таъмин карда шуданд.
Дар ошёнаи якум ва дуюми бинои асосии тарабхона бар замми фароҳамсозии шароити хуби нишаст барои 246 нафар мизоҷ, ҳамчунин 19 ҳуҷраи алоҳида бо 114 ҷойи нишаст, 4 толори хурду васеъ барои баргузории ҳамоишҳо, гузаронидани ҷашну маросим ва толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар фароҳам оварда шудааст.
Бинои тарабхонаи “Эҳсон” аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ бо сатҳу сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардида, саҳни бино сафолакпӯшу чароғон ва дар назди даромадгоҳ ду фаввораи зебову ранга бо тарҳи дилкаш насб гардидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба 144 нафар ятим, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои моливу пулӣ, ки аз либосу пойафзоли зимистона иборат буд, тақдим намуданд.
Сарвари давлат ятимонро бо ҷашни умумимиллӣ — 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, онҳоро ба омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар ҳидоят намуданд.
Бояд таъкид кард, ки дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад.
Ятимон ҳангоми суҳбат ба Пешвои раъиятпарвар ҷиҳати ғамҳориҳои падаронаашон миннатдорӣ баён намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, тарбия мекунад ва таҳти парасторӣ қарор медиҳад.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 6640 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2028». Ва ё чӣ қадар роҳҳои маҳаллӣ таъмир гардиданд?
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада






