Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Коллеҷи тиббиро дар шаҳри Бохтар ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 22, 2020 18:02

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Ҷумъабой Ҷалилови шаҳри Бохтар Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббиро ифтитоҳ карданд.

Муассисаи мазкур дар заминаи Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” сохта шуда, аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти муассисаи таълимии тиббӣ оғоз бахшида, иқдоми мазкурро нек арзёбӣ карданд, зеро дар як бино ҷой гирифтани таълимгоҳ ва дармонгоҳ имкон фароҳам меорад, ки донишҷӯён донишҳои назариявии азхуднамудаашонро амалан таҷриба кунанд.

Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббӣ ва бинои нави Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” аз тарафи соҳибкори ватандӯсту ободкор Амирулло Асадулло дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълимию табобатӣ аст. Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 600 нафар донишҷӯ дар як баст бунёд гардидааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассисаи навбунёди таълимӣ факултетҳои “Кори момодоягӣ”, “Кори табобатӣ”, “Кори фармасевтӣ” ва “Кори табобати дандон” амал мекунад ва аз рӯйи 9 ихтисос мутахассис омода карда мешавад.

Бино дорои 27 синфхона, 10 утоқи корӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ бо фарогирии 7 ҳазор адабиёти тахассусӣ, фаннӣ ва бадеӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, толор ва майдони варзишии тобистонаю зимистона буда, озмоишгоҳҳои биологӣ, кимиёвӣ, физикӣ ва анатомӣ бо тамоми таҷҳизоти аёниву ашёҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Зимни боздид аз синфхонаҳои фаннии муассиса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишӯёнро ба илмомӯзӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки бо истифода аз шароиту имконоти хуби муҳайёгардида илмҳои муосирро аз худ намоянд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур дорои маркази омодагии қаблӣ барои довталабон дар имтиҳонҳои марказонидашудаи давлатӣ ва пойгоҳи клиникии Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” буда, дар он мутахассисони варзидаи соҳаи тиб кору фаъолият мекунанд.

Таҳсил дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и шаҳри Бохтар бо низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, дар он 70 нафар омӯзгор ва номзадҳои илм ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Маҷмӯан дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббӣ ва Маркази ташхисӣ-табобатии «Даво» 120 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин карда шуданд.

Ошхонаи ин муассисаи таълимӣ, ки ба тарзи муосир сохта шудааст, дар як вақт имкони хизматрасонӣ ба 150 нафарро дорад.

Бинои муассиса бо таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва технологияи иттилоотӣ муҷаҳҳаз буда, бо хати интернет пайваст мебошад. Дар дохил ва беруни муассиса дар маҷмӯъ 90 адад камераи назоратӣ насб карда шудааст.

Барои волидайн имкон фароҳам оварда шудааст, ки рафти баргузории дарсҳо ва давомоти фарзандони худро ба воситаи камераҳои сабти видеоию овозӣ тариқи онлайн назорат намоянд.

Дохили бино, синфхона ва утоқҳои корӣ дар фасли сармо бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

Бинои дуошёнаи қаблии Маркази ташхисию-табобатии “Даво” ба хобгоҳи Коллеҷи тиббӣ табдил дода шуда, дар он барои донишҷӯён шароити муносиб фароҳам оварда мешавад.

Маъмурияти коллеҷи навбунёд мақсад гузоштаанд, ки то соли оянда як бинои иловагии таълимии дигар сохта ба истифода диҳанд.

Саҳни бинои Коллеҷи тиббӣ ва Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво”-ро ду фаввора зебо гардонидааст. Роҳравҳо сафолакпӯш карда шуда, дар ду тарафи он гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида шудааст.

Ҳамчунин дар ҳавлии муассисаҳо 4 суҳбаткада ва 37 курсии болопӯш сохта шудааст.

Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” низ аз иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ буда, соли 2008-ум бо ташаббуси соҳибкор Амируллло Асадулло дар кӯчаи Айнии шаҳри Бохтар ташкил гардида буд. Табибону кормандони дармонгоҳи номбурда дар тӯли фаъолияти қариб 12-солаи худ ба сокинони маркази вилояти Хатлон ва ноҳияҳои гирду атроф хизмати хушсифати тиббӣ мерасониданд. Бо назардошти муроҷиатҳои зиёди корафтодагону беморон, маъмурияти муассиса тасмим гирифт, ки доираи фаъолияташонро васеъ намуда, бинои хуштарҳу замонавии дорои таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ бунёд намоянд.

Дар ошёнаи якуми бино  дорухона ва мағозаи хӯрокворӣ  мавҷуд  аст.

Фаъолияти дармонгоҳ дар ошёнаи якум, шуъбаи ҷарроҳӣ дар ошёнаи дуюм ва фаъолияти шуъбаи бемориҳои амрози даруна дар ошёнаи сеюм ба роҳ монда шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити кории табибон ва имконоти ташхисию табобатии муассиса, ба масъулин дастур доданд, ки баҳри солимии ҷомеа ва таъмини тандурустии сокинони маркази вилоят ба мардум хизмати софдилона намоянд.

Иброз гардид, ки дар Марказ ҳуҷраҳои гиёҳдармонӣ, барқдармонӣ, сабти барқии дил, дандондармонӣ, озмоишгоҳҳои клиникиву биокимиёвӣ ва иммуноферментӣ, инчунин ҳуҷраҳои рентгении рақамӣ ва ортопантомография фаъолият мекунанд, ки ҳамаи таҷҳизот аз давлатҳои Корея, Хитой, Туркия, Олмон, Амрико ва Россия дастрас шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда ва муҳайё гардидани шароити арзандаи таълимию табобатӣ дар муассисаи мазкур баҳои баланд дода, ба фаъолияти минбаъдаи омӯгорону табибон комёбӣ орзу намуданд.

Ҳамчунин Сарвари давлат ба кормандони ин муассисаи ташхисӣ-табобатӣ 3 адад автомашинаи нави ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа карда, табибонро барои ба аҳолӣ дар сатҳи баланд хизмат расонидан ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи Коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Бохтар 22.09.2020

Сентябрь 22, 2020 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ва хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам» шинос шуданд
Дар шаҳри Истаравшан 4 муассисаи таълимӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶДММ «Акиа Авесто автоматив индастри» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд