Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази хизматрасонии «Баҳор»-ро дар ноҳияи Вахш мавриди истифода қарор дода, ба ятимони кулл туҳфаҳо тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш бинои хуштарҳу замонавии Маркази хизматрасонии «Баҳор»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази хизматрасонии «Баҳор» бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Муҳибулло Ҳабибов дар муддати кӯтоҳ пурра навсозӣ гардидааст.
Корҳои навсозӣ дар иншоот бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат амалӣ шудаанд.
Бинои Маркази хизматрасонии «Баҳор» аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, масоҳати замини он 30 садякро дар бар мегирад.
Дар ошёнаи якуми бино ҷойгир намудани маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар назар дошта шуда, ошёнаи дуюми он барои фурӯши либосҳо, аз ҷумла мардонаю занона, мактабӣ ва кӯдакона пешбинӣ гардидааст.
Дар ошёнаи дуюми маркази хизматрасонӣ ҳамчунин пас аз навсозӣ гӯшаи махсуси намоиши доимии асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯзу имрӯзи таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватанро дар худ инъикос мекунанд, ташкил шудааст.
Ин гӯша дар заминаи иқдомҳо дар роҳи ҷалби сокинон ба мутолиаи китоб ва бедор сохтани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири онҳо таъсис ёфтааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар Маркази хизматрасонии “Баҳор” акнун барои 50 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардида, дар назар аст, ки оянда барои дастрасии саривақтии сокинон ба маҳсулоти хушсифату арзон фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ низ ба роҳ монда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити нави хизматрасонӣ дар маркази “Баҳор” дар ҳамин ҷо бо 91 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Панҷ ва Ҷайҳун, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои моддию пулӣ, аз ҷумла сару либоси мактабии зимистона ва шириниҳо тақдим намуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз танҳо дар ноҳияи Вахш 1094 нафар ятим, аз ҷумла 37 ятими кулл умр ба сар мебаранд, ки зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои бевоситаи Сарвари ятимпарвари мамлакат қарор доранд.
Шодию нишоти ятимонро дар ин рӯз ҳадду канор набуд, зеро онҳо дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дасти Пешвои муаззами худ туҳфаҳо гирифтанд ва аз наздик бо Пешвои миллат суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи беҳтар намудани шарту шароит ва имконоти таҳсилу зиндагии чунин ашхосро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додааст ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳар сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимон мулоқот анҷом дода, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мегарданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва буду боши ятимон дар мактаб – интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин шудану шарафёб гардидани ин қишри ҷомеа ба зиндагии арзанда корҳои назаррас амалӣ гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо ятимон онҳоро ба истифодаи пурсамар аз шароиту имконоте, ки Ҳукумати мамлакат барояшон дар самти аз худ кардани донишҳои замонавӣ, техникаву технологияи муосир ва муҳимтар аз ҳама, дӯст доштани Ватани азиз муҳайё кардааст, ҳидоят намуданд.
Кӯдакон аз ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Панҷ ва Ҷайҳун ба Пешвои ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки илмҳои муосирро меомӯзанд ва ҳамчун донишманд ба воя расида, бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол саҳми шоиста мегузоранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи муовинони Дабири кулли СММ мулоқот намуданд






