Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии 12-ошёнаро дар шаҳри Бохтар мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои баландошёнаи истиқоматиро ифтитоҳ карданд.
Бинои нав 12-ошёна буда, дорои 80 хонаи истиқоматии як, ду ва сехуҷрагӣ мебошад.
Дар назди бино майдончаи бозӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон сохта шудааст. Ҳамчунин дар шафати он таваққуфгоҳи мошинҳо низ мавҷуд мебошад.
Дар ошёнаи якум Маркази хизматрасонии иборат аз тарабхонаи зебою замонавӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона бо 26 ҷойи хоб ҷой гирифтааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона люкс ва нимлюкс буда, дорои шароити хуб мебошанд.
Бино ба ифтихори 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар бунёди иншооти мазкур беш аз 120 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо кор таъмин буданд.
Ба Президенти мамлакат иттиллоъ дода шуд, ки дар маркази хизматрасонии ин бино дар маҷмӯъ 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар доираи амалҳои неку шоиста ва хайрхоҳона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ду оилаи ҷавон-Марҷона Вализода ва Эҳсон Хӯҷамардов, ки ҳарду ятим мебошанд, хонаҳои истиқоматии 3 ва 1 хуҷрагӣ туҳфа карданд.
Манзилҳои истиқоматии тақдимгардида зебову замонавӣ буда, дар он тамоми шароитҳои муосири зиндагӣ муҳайё карда шудааст.
Президенти мамлакат зимни тақдими калиди хонаҳои истиқоматӣ ба соҳибонаш, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишри ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Оилаҳое, ки соҳиби хонаҳои истиқоматӣ шуданд, аз ин иқдоми башардӯстона ва раъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат ибрози сарфарозӣ намуданд.
Дар толори тарабхона бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намунаи маҳсули дасти ҳунармандони вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки намунаҳои ҳунарҳои миллӣ дар миёни ҷавонон бештар тарғиб карда шавад, зеро яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз ҳамин ҳунар ва фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.
Инчунин дар назди ҳамин бино, ки аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, лоиҳаи сохтмонии биноҳои баландошёнаи истиқоматии маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар муаррифӣ карда шуд.
Лоиҳаҳои меъморӣ бо назардошти нақшаи генералии шаҳри Бохтар таҳия гардида, аз хонаҳои баландшёнаи замонавӣ иборат мебошанд.
Зикр гардид, ки сол то сол теъдоди аҳолӣ дар шаҳри Бохтар афзоиш ёфта, талабот ба хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст. Аз ин лиҳоз, зарурати вусъат додани тадбирҳои созандагӣ баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ба миён омадааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки иншооти сохташаванда бояд ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошад ва дар вақти бунёд тарҳи меъмории биноҳо бо нақшу нигори миллӣ оро дода шавад.









Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






