Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо варзишгарони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат майдони мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Маҳмадалиев бунёд намуда, дар он барои тамрини ҷисмонии ҷавонону наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Масоҳати умумии иншоот 0,16 гектарро дар бар гирифта, сохтмони он бо назардошти талаботи муосир анҷом ёфтааст. Аз ҷумла, атрофи майдонча пурра панҷарапӯш ва чароғон карда шудааст. Майдони бозӣ аз масолеҳи хушсифат бунёд ёфта, барои тамошобинон нишастгоҳҳои алоҳида насб гардидаанд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳа ва анҷоми корҳои сохтмонӣ ба масъалаи ободонии атрофи иншоот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ин ҷост, ки гирду атрофи майдончаро гулҳои зебои мавсимиву ҳамешасабз оро медиҳанд. Ҳамчунин барои варзишгарону сокинони ноҳия иншооти ёрирасон, аз қабили утоқи ивазкунии сару либос сохта шудааст.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар баробари бозии футбол наврасону ҷавонон ҳамчунин метавонанд ба варзиши сабук машғул гарданд. Дар назди майдончаи футбол дастгоҳу таҷҳизоти зурурӣ барои машғулияти ҳамарӯзаи варзишӣ ва обу тоби бадан насб гардидаанд. Ҳамзамон роҳрав ва атрофи майдончаи варзишӣ пурра сафолакпӯш шудааст.
Майдончаи варзишӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба таъкиди масъулини соҳаи варзиши ноҳия, тадбирҳои идона ба истиқболи солгарди 30-юми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарту шароит ва имкониятҳои онҳоро ба тарзи чашмрас дигаргун намуд. Аз ҷумла, дар ноҳия то кунун 15 адад майдонча ба истифода дода шуда, танҳо дар доираи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 майдончаи варзишии муосир барои наврасону ҷавонон ва варзишгарон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни боздид Роҳбари давлат иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат хонда, ба ҷавонону наврасон маслиҳат доданд, ки имконоти мазкурро самаранок истифода баранд ва вақтҳои холигии худро бештар бо машқу тамрин сипарӣ намоянд, зеро варзиш омили муҳимтарини солимист.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






