Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳритус мулоқот намуданд

Сентябрь 22, 2020 09:58

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус ва шиносоӣ бо шароити он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва сокинону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Нахуст Сарвари давлат ҳозиринро ба муносибати ифтитоҳи иншоотҳои маишиву хизматрасонӣ ва фарҳангиву фароғатӣ, ки дар доираи омодагиҳо барои истиқболи сазовор аз ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ин ноҳияро мавриди  таҳлилу баррасӣ қарор дода, зикр намуданд, ки тӯли 29-соли соҳибистиқлолии кишвар дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ноҳияи Шаҳритус низ рушду инкишоф ёфта, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун симои худро ба куллӣ тағйир додааст.

Роҳбари давлат доир ба дастовардҳои сокинони ноҳия ибрози андеша намуда, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади беҳтар гардидани зиндагии сокинони ноҳияи Шаҳритус, инчунин, ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми он бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дар давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ аз буҷети давлат зиёда аз 515 миллион сомонӣ равона намудааст.

Илова бар ин, Ҳукумати кишвар то имрӯз дар ноҳияи Шаҳритус 5 лоиҳаи давлатии сармоягузориро ба маблағи 22 миллион сомонӣ татбиқ намуда, дар доираи онҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об, анҷом дода шудаанд. Ҳоло дар самтҳои зикршуда боз 7 лоиҳа ба маблағи беш аз 14 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон бо ин, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 365 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 270 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 74 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ҳафт моҳи соли 2020 ба буҷети маҳаллӣ беш аз 18 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 94,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ин давра нақшаи андозҳо аз даромад, боҷи давлатӣ, воситаҳои нақлиёт ва низоми махсуси андозбандӣ таъмин нагардидаанд.

Ҳамзамон бо ин, дар ҳафт моҳи соли равон бақияи қарзи андозҳо 8,4 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 4,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор карданд, ки якҷо бо Кумитаи андоз корро дар самти фаҳмондадиҳӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ тақвият бахшида, барои пурра иҷро намудани нақшаи андозу пардохтҳо, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав ҷораҷӯӣ намоянд.

Ҳоло дар ноҳия 23 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият доранд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 корхона зиёд мебошад.

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли нахи пахта, чигит, равғани растанӣ, орд, гӯшт, хишт ва маҳсулоти пластикӣ афзуда, дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 қариб 22 миллион сомонӣ ё 40 фоиз зиёд шудааст.

Бо вуҷуди дар ноҳия сол ба сол рушд кардани соҳаи саноат нишондиҳандаҳо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноаткунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд.

Бинобар ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор карданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолии хурду миёна ва воридоти технологияҳои муосир чораҳои зарурӣ андешанд.

Соҳаи кишоварзии ноҳия дар пешбурди иқтисодиёти он нақши асосӣ дошта, манбаи асосии ҷойи корӣ ва даромади аҳоливу буҷети маҳаллӣ мебошад.

Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хеле назаррас аст.

Ба ҳолати 1 августи соли 2020 кишоварзони ноҳия дар майдони 14,7 ҳазор гектар кишти зироат гузаронидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз ё 543 гектар зиёд мебошад.

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 430,6 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 -ум 11,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳритус супориш доданд, ки бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар охири суханронӣ баъди таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи бахшҳои ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Шаҳритус анъанаҳои неки аҷдодамонро дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ идома бахшида, сарҷамъу муттаҳид барои рушди Тоҷикистони азизамон саҳми хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои назарраси иҷтимоиву иқтисодӣ сазовор мегарданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун Ҳусноро Бобоева – табиб, Зулфия Имомова – донишҷӯ, Насриддин Ғуломҳайдаров – собиқадор ва Бобоназаров Сафаралӣ — собиқадор баромад карда, бо қаноатмандӣ аз рушду пешрафти ин гӯшаи диёр андешаронӣ намуданд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳритус 22.09.2020

Сентябрь 22, 2020 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ. Ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон фанҳои табиию риёзӣ бештар рушд намуданд
Дар Панҷакент бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сохта мешавад
МАОРИФ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Музди меҳнати кормандони ин соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд
Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик имконият дод дар интихоби роҳи рушд мустақил бошад
Дар даврони истиқлоли миллӣ моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд
Сиëсати давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар замони соҳибистиқлолӣ ташаккул ëфт
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигоҳе ба заминаи асосии рушд ва пешрафти соҳаи роҳу нақлиёт дар ин давра
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 1000 иншоот ба истифода дода шудааст