ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Бахтиёр Мансуров дар Исфара маҷмааи варзишӣ бунёд намуд

Сентябрь 11, 2020 09:25

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара майдони хурди болопӯшидаи футбол ва ҳавзи шиноварӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Маҷмааи варзишии мазкур бо ташаббуси соҳибкор Бахтиёр Мансуров бунёд гардидааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар ҳудуди ҷамоати мазкур ин сеюмин майдончаи хурди болопӯшидаи футболбозӣ мебошад.

Дар ҷамоати Чоркӯҳ варзишгоҳи замонавии дорои 5000 ҷойи  нишаст амал мекунад, ки соли 2013 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд.

Инчунин дар деҳаи Хушободи Ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара бо саҳми сокинон майдончаи хурди футбол мавриди истифодаи дӯстдорони варзиш қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша дар шаҳри Исфара сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тармими 457 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии зиёда аз 922 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст. Давоми ҳашт моҳи сипаришудаи соли равон аз 124 иншооти нақшавӣ корҳои навсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 80 иншоот пурра ба итмом расонида шудаанд.

Сентябрь 11, 2020 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд