ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкори маҳаллӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа кард

Сентябрь 11, 2020 15:02

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик  бунёду навсозии 270 иншоот ба нақша гирифта шуда, айни замон  корҳои сохтмонӣ  дар  113 бино  идома доранд. Лоиҳакашии  20 иншооти дигари сохташаванда  дар арафаи анҷомёбӣ қарор  дошта, аз теъдоди умумии иншооти ҷашнӣ  то имрӯз   қариб 140  ададаш  ба истифода дода шудааст. Дар деҳаи Танобчии Поёни деҳоти Танобчии ноҳия  бо иқдоми соҳибкори ватанӣ сохтмони муассисаи томактабии хусусии дорои 60 кати хоб идома дорад. Яке аз соҳибкорони маҳаллӣ баробари саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ  ба беморхонаи марказии ноҳия мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа кард.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ дар ноҳия  дар маҷмӯъ 13 бунгоҳи тиббӣ, 8 муассисаи томактабӣ, 6 китобхона, 3 қасри фарҳанг, 1 боғи фарҳангӣ, 2 гулгашт, 2 беморхона, 7 маркази тиббӣ, 1 таваллудхона, 9 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 8 дорухона, 7 майдончаи бозии кӯдакон, 4 меҳмонхонаи замонавӣ, 17 сартарошхона, 14 ҳаммом, 15 кошонаи ҳусн, 5 маркази савдо, 9 маркази хизматрасонӣ, 2 корхонаи коркарди шир, 7 коргоҳи дӯзандагӣ  ва 11 дӯкони ҳунармандӣ бунёд мегарданд. Аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорони ватанӣ аллакай се маркази хизматрасонии дорои кошонаи ҳусн, ошхона, сартарошхона, нуқтаи савдо, коргоҳи дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, мағозаҳои тиҷоратӣ, нонвойхона ва дорухонаҳо  ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин навсозии маркази саломатӣ, кашидани хати оби нӯшиданӣ ба масофаи 1,5 километр, таъмири шабакаи оби полезӣ ба дарозии 1,5 километр, бетонпӯш намудани каналҳои селпарто ба масофаи 200 метр анҷом ёфта, дар ҳудуди боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия иншооти гигиенӣ — санитарии замонавӣ сохта шуд.

Аз ҷониби соҳибкорон навсозии толори варзишии муассисаи таълимии рақами 2 ва сафолакпӯш намудани роҳравҳои маркази шаҳрак идома дорад. Дар ноҳия ҳамчунин  сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар назди 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар маҷмӯъ, барои 2600 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Инчунин таъмири толори варзиши МТМУ № 2 ҷараён дошта, сохтмони толору майдончаи варзишӣ дар назди интернати наздимактабии деҳоти Кангурт дар назар аст.

Дар ноҳия дар мавсими ободонӣ ва  сабзазоркунӣ 11,6 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ ва қариб 96,5 ҳазор бех гулу гулбутта шинонда шуданд, ки ин ҳусни мавзеъҳои сайругаштии ноҳияро боз ҳам зеботар намуд.

Ҳамчунин 212 гектар боғ ва 6,5 гектар токзори нав бунёд ёфта, 22 гектар боғи кӯҳна аз нав барқарор гардид.

Сентябрь 11, 2020 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд