Ҳайати СБА иқдомоти фискалии мақомоти Тоҷикистонро ҷиҳати нарм намудани пайомадҳои пандемияи COVID-19 дастгирӣ мекунад

Сентябрь 16, 2020 08:45

ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Сандуқи байналмилалии асъор (СБА) оид ба рисолати маҷозиаш дар Тоҷикистон хулосаҳои пешакии худро баровардааст. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, музокирот дар шакли онлайн аз 18 август то 3 сентябри соли равон идома ёфтанд. Вазъияти макроиқтисоди Тоҷикистонро муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муаррифӣ кард. 

Мақсади ҳайат — ин муҳокимаи тағйироти макроиқтисодӣ, иқдомоти ҳукумат дар ҷавоб ба таҳлукаи вобаста ба коронавирус ва чораҳои зарурӣ ҷиҳати дастгирии суботи макроиқтисодӣ буд.

«Тоҷикистон оқибатҳои ҷиддии пандемияи COVID-19 — ро аз сар мегузаронад. Таъсири пандемия ба саломатӣ мулоим буд, аммо мушкилоти тиҷоративу нақлиётӣ бо шарикони асосии тиҷоратӣ ба фаъолияти иқтисодӣ ва интиқоли маблағҳо таъсир расонданд. Вазъи хориҷӣ бад шуд. Чизе, ки марбути буҷа мебошад, даромадҳо шадидан коҳиш ёфтанд ва барои иҷрои буҷети таҷдиди назаршудаи соли 2020 мушкилот эҷод карданд», — изҳор намуд Паджама Ханделвал.

Ҳайат иқдомоти фискалии мақомоти Тоҷикистонро ҷиҳати нарм намудани пайомадҳои пандемия истиқбол мекунад. Буҷаи таҷдидшуда маблағҳои зиёдтарро барои хароҷоти тандурустӣ, иҷтимоӣ ва коҳиши хароҷоти камафзалиятнок дар бар дорад. Дастгирии шарикони байналмилалӣ сафарбар шудааст. Мақомоти Тоҷикистон муваққатан имтиёзҳои андозиро ҷорӣ карданд ва барномаи кумаки иҷтимоӣ дар саросари мамлакат васеъ шудааст. Инчунин пардохтҳои иҷтимоии яквақта ба хонаводаҳои осебпазир сурат мегиранд. Интизор меравад, ки дар нимаи дуюми соли равон хароҷот барои тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ба таври иловагӣ афзоиш меёбад.

Ҳайат шаффофияти қарздиҳӣ ба муассисоти давлатӣ ва қарори ҳукуматдоронро дар бораи интишори ҳисоботи семоҳа дар бораи хароҷоти тандурустӣ ва иҷтимоии вобаста ба COVID-19 қотеъона истиқбол менамояд.

Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки ба Фонди суғуртаи пасандозҳо кумаки самарабахши молиявӣ расонад ва ду бонки қаблан муфлисшударо барҳам диҳад. Инчунин мушкилоти нарасидани асъор бояд ҳал шавад.

«Ҳайат аз пойбандии мақомот ба ислоҳоти андоз истиқбол ва аз онҳо даъват менамояд, ки тадриҷан ва марҳила ба марҳила кодекси андозро ҷиҳати дастгирии муҳити соҳибкорӣ ва консолидатсияи фискалӣ таҷдиди назар намоянд. Барои эҷоди эътимод ба сиёсати пулӣ — қарздиҳӣ қурби асъор бояд чандирӣ бошад», — гуфта мешавад дар изҳороти ҳайати СБА.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2020 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад