Ҷавонону варзишгарони ВМКБ изҳорот қабул намуданд
ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонону варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамовозӣ ба Муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14-уми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар мавриди дастгирии номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ҲХДТ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот қабул намуданд. Дар ин бора аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар изҳорот омадааст: “Мо, ҷавонону варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун фарзандони бонангу ори ин сарзамин, ворисони асили миллату давлат, идомадиҳандагони роҳи пуршарафи ниёгон ва меросбарони гузаштагони сарбаланди ориёӣ бо ифтихору сарфарозӣ изҳор менамоем, ки м дар ҳамовозӣ ба Муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14 –уми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ҲХДТ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ ҳамаҷониба ва якдилона дастгирӣ менамоем”.
Ҷавонону варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар идома баёнг доштаанд, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани маҳбуб дар қалбу ҷони худ меҳри ин Ватанро парварида, шукрона мегӯянд, ки чунин Пешвои муаззами миллат доранд. Маҳз сиёсати башардӯстона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ватандориву ватансозиро насли имрӯз омӯхт ва атрофи мафҳумҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ бо дили гарм ва муҳаббати фарзандона сухан мекунанду баҳри ободиву шукуфоии он талош меварзанд”.
Ҷавонону варзишгарони Бадахшон бо сари баланду дили бузург дар атрофи ғояҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, намегузоранд, ки ҳеҷ қуввае фазои ороми Ватани маҳбуби моро халалдор созад, омадааст дар изҳорот.
Онҳо бовар доранд, ки рӯзҳо мегузаранд, лекин саҳифаҳои таърих чун гувоҳи ғамхориҳои беназири Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон боқӣ мемонанд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






