Ҷавонону варзишгарони ВМКБ изҳорот қабул намуданд

Сентябрь 17, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонону варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамовозӣ ба Муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14-уми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар мавриди дастгирии номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ҲХДТ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот қабул намуданд. Дар ин бора аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Дар изҳорот омадааст: “Мо, ҷавонону варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун фарзандони бонангу ори ин сарзамин, ворисони асили миллату давлат, идомадиҳандагони роҳи пуршарафи ниёгон ва меросбарони гузаштагони сарбаланди ориёӣ бо ифтихору сарфарозӣ изҳор менамоем, ки м дар ҳамовозӣ ба  Муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14 –уми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ҲХДТ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ ҳамаҷониба ва якдилона дастгирӣ менамоем”.

Ҷавонону варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар идома баёнг доштаанд, ки  бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани маҳбуб дар қалбу ҷони худ меҳри ин Ватанро парварида, шукрона мегӯянд, ки чунин Пешвои муаззами миллат доранд. Маҳз сиёсати башардӯстона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ватандориву ватансозиро насли имрӯз омӯхт ва атрофи мафҳумҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ бо дили гарм ва муҳаббати фарзандона сухан мекунанду баҳри ободиву шукуфоии он талош меварзанд”.

Ҷавонону варзишгарони Бадахшон бо сари баланду дили бузург дар атрофи ғояҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, намегузоранд, ки ҳеҷ  қуввае фазои ороми Ватани маҳбуби моро халалдор созад, омадааст дар  изҳорот.

Онҳо бовар доранд, ки рӯзҳо мегузаранд, лекин саҳифаҳои таърих чун гувоҳи  ғамхориҳои беназири Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон боқӣ мемонанд.

Сентябрь 17, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид