Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванд Одина Одинаев дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Сентябрь 24, 2020 16:08

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо рафти парвариш, истеҳсол ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии оилаи Одина Одинаев шинос шуданд.

Оилаи Одинаевҳо бо мақсади қонеъ сохтани талаботи аҳли хонавода бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва гӯшту шир ба рушди ҳамаи бахшҳои соҳа аҳамияти махсус зоҳир карда, қитъаи замини наздиҳавлигии худро, ки 6 садякро ташкил медиҳад, самараноку оқилона истифода мебаранд.

Ҳамасола дар қитъаи замини наздиҳавлигии ин оилаи намунавӣ навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ кишт гардида, бо анҷоми саривақтии корҳои агротехникӣ ва риояи тавсияҳои олимони соҳа аз он ҳосили хуб мегиранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати кишти тирамоҳии гулкарам, сабзӣ ва ҳосили фаровони картошка, помидор, карам, каду, сабзавот ва ду навъи себи маҳаллӣ, ки дар шароити ноҳия ҳосили хуб медиҳанд шинос шуданд.

Соли 2019 аз қитъаи замини назиҳавлигӣ 3 тонна картошка, 300 килограмм помидор, 500 килограмм сабзӣ ва наздики 3 тонна себ ҷамъоварӣ намуданд ва дар мавсими имсола низ ҳосилнокӣ хуб ба назар мерасад.

Оилаи Одинаевҳо барои дастрас намудани маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, шир ва маҳсулоти ширӣ, инчунин маҳсулоти мавриди ниёзи аввали кишоварзӣ ниёз ба бозор надоранд ва аз ҳисоби мақсаднок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва нигоҳубини хуби чорвои хурду калон, ки дар манзили истиқоматӣ парвариш меёбанд, худро таъмин менамоянд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анбори нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ, ки барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон пешбинӣ гардидааст, шинос шуданд.

Дар анбор номгӯи зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили гандум, лубиёгиҳо, наск, нахуд, мош ва себи хушконидашуда дар зарфҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳамчунин 40 номгӯй маҳсулоти кишоварзӣ ва мевагиҳо, ки бештари он ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигии ҳамин оила мебошад, дар шакли консерва захира гардидааст.

Заҳмати шабонарӯзӣ, истифодаи мақсадноки ҳар ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосил аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷоти аҳли хонаводаи сокини деҳаи Шӯрободи ноҳияро қонеъ гардонида, аз ҳисоби фоида сатҳи зисту зиндагонии худро беҳтару хубтар месозанд.

Дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамзамон 40 бех дарахти себи навъи хубонӣ мавҷуданд, ки аз онҳо ҳамасола то 3 тонна ҳосил мегиранд.

Сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузошта, ҷиҳати зиёд намудани иқтидори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода мебаранд.

Аҳли оила аз ҳисоби ҳосили фаровони себи дарахтони ин қитъаи замини наздиҳавлигӣ фоидаи хуб ба даст меоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо тарзи истифодаи босамари қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба сокини деҳаи Шӯробод  Одина Одинаев баҳои баланд дода, таҷрибаи ӯро дар рӯёнидани ҳосили зиёди сабзавоту полезӣ, захираи маводи ғизоӣ барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ карданд.

Зимни суҳбати самимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи оилаи Одинаевҳо дар истифодаи босамари замин баҳои баланд доданд.

Аз меҳнати софдилона ва муносибати садоқатмандона ба замин дастархони сокинони ин гӯшаи файзбори диёр пурнозу неъмат гардида, сол то сол сатҳи зиндагӣ ва шароити кору хизматрасонӣ беҳтар мегардад.

Саҳни ҳавлӣ бо гулҳои рангоранг зиннат ёфтааст, ки аз завқу салиқаи баланди зебоиписандии ин хонавода дарак медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Одина Одинаев лавозимоти рӯзгор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Дар истифодаи мақсадноку босамари қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бештари сокинони деҳаи Шӯрободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин фаъолияти назаррас дошта, баробари таъмини аҳли оилаи худ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, инчунин дар ғанигардонии бозорҳои истеъмолӣ саҳми фаъол мегузоранд.

Дар деҳоти Шӯрободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва санъати волои аҳли фарҳанги ноҳия  шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, барои ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши намунаи зиёди ҳунарҳои дастӣ, ки аз қадим то ба имрӯз ҳифзу нигоҳ доштааст, марказҳои нави омӯзишӣ ташкил гардидааст.

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки солҳои 2019-2021-ро дар бар мегирад, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва фароҳам намудани шароиту имконоти мусоид, аз ҷумла имтиёзҳо ва грантҳои президентӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар марказ ва деҳот 10 маркази нави омӯзишӣ ва гӯшаҳои намоиш ва фурӯши ҳунарҳои қадимаи дастӣ таъсис дода шуд, ки бо ин восита даҳҳо нафар сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ ҳунари кадбонуҳои чирадасти деҳот ва шаҳраки ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ки ба тайёр кардани нони чаппотӣ, хӯрокҳои миллӣ ва дигар маҳсулоти аз гандум омодашуда машғул буданд, муаррифӣ  гардид. Ҳамзамон дар ин ҷо ҷавонони боистеъдод ва ҳунармандон бо ифтихор аз давлати ободу соҳибистиқлол  ҳунару маҳорати навозандагӣ ва овозхонии худро  пешниҳод намуданд.

Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ва мулоқоти судманд бо ҳунармандон, барои эҳё ва рушди ин аз ҳам бештари ҳунарҳои дастӣ, ки талаботи он дар дохил ва хориҷи мамлакат зиёд аст, ба масъулон ва роҳбарон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Боздид аз ҳолати истифодабарии замини наздиҳавлигӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванд Одина Одинаев дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 25.09.2020

Сентябрь 24, 2020 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб бинои нави Кумитаи идораи замин ба истифода дода мешавад
Дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент маркази тафреҳӣ барои кӯдакон бунёд мешавад
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент пули мошингузар сохта мешавад
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон