COVID-19. Дар Тоҷикистон 86,3%-и гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

Сентябрь 8, 2020 17:54

ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 8 сентябр ба 8860 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 7650 ё худ 86,3%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 70 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 87 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 34 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави  CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

 

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 8, 2020 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио ва АМИТ «Ховар» бо ҳайати нозирони САҲА мулоқот намуданд
КМИР иштироки ВАО-и хориҷӣ ва маҳаллиро дар интихоботи Президенти Тоҷикистон бо тартиби махсус муайян намудааст
ТАВАҶҶУҲ! Ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи парвозҳои иловагии чартерӣ аз Россия тавассути ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қарор қабул намуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10097 нафар расид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭҲТИРОМ ВА ҚАДРДОНИИ ХАЛҚРО СОҲИБАНД. Андешаҳои раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ доир ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувори Тоҷикистон
Вақти зинда мондани коронавирус дар пӯсти инсон 9 соатро ташкил медиҳад
ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд
ТАСС: Ситоди нозирони ИДМ ба раванди омодагиҳо ба интихоботи президент дар Тоҷикистон баҳои баланд дод
СУТ: Чӣ гуна метавон зидди зуком эм гирифт, то гирифтори коронавирус нашавӣ
COVID-19. Дар Тоҷикистон 88,2%-и гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд
Раисони ҳавзаҳои интихоботӣ: Ҳавзаҳо ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омодаанд