COVID-19. Дар Тоҷикистон 86,5%-и гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

Сентябрь 16, 2020 18:20

ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 16 сентябр ба 9171 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 7941 ё худ 86,5%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 73 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 107 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

 

АКС аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Сентябрь 16, 2020 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд
ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд
КМИР шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси рӯйхати пешниҳоднамудаи онҳо ба қайд гирифт
САҲМИ САРВАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ДӮСТӢ, ҲАМСОЯГИИ НЕК, ЭЪТИМОД ВА ИФТИТОҲИ САҲИФАҲОИ НАВ ДАР МУНОСИБОТИ ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКОНУ ӮЗБЕКОН. Дар ин мавзӯъ имрӯз дар Душанбе Конференсияи илмию амалӣ ба кор оғоз намуд
Қарори Раиси КМИР дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9049 нафар расид
ИНТИХОБОТ-2020: Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 7782 нафар гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд
ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Бунёди «Мерё» ба Озмоишгоҳи миллии тандурустии Тоҷикистон кумак кард
COVID-19. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода ҷаласаи ситоди вилоятӣ доир шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8939 нафар расид