COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9214 нафар расид

Сентябрь 17, 2020 17:53

ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 17 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9214 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7988 ё худ 86,7%-и гирифторон шифо ёфта, 73 нафар вафот кардаанд.

«Шабонарӯзи охир 103 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Сентябрь 17, 2020 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10533 нафар расид
COVID-19. Аломати нави коронавирус номбар шуд
ҶАШНИ ФАРРУХ МЕҲРГОН… Иди аҷдодии мо чун рамзи аҳду паймон, дӯстиву муҳаббат ва оини меҳрпарастӣ таҷлил мегардад
Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Фирдавсӣ Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ таҷлил гардид
COVID-19. Дар Тоҷикистон 90,4%-и гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд
COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10414 нафар расид
«ҲАР РЕЗАИ НОН РЕЗАИ ҶОН, РЕЗАИ ВИҶДОН БУВАД…». Имрӯз дар саросари олам Рӯзи умумиҷаҳонии нон таҷлил карда мешавад
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДАСТОНИ ТОЗА. Дуруст шустани дастҳо инсонро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ медорад
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10297 нафар расид