Дар Академияи идоракунии давлатӣ мавзӯи «Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро матраҳ менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба анҷом мерасад.
Зимни оғози курс ноиби якум, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим Даврон Сафаров, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ибодат Ғанизода ва сардори шуъбаи иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қумриннисо Азизова сухан гуфта, моҳияти давраи омӯзишии мазкурро ба иштирокдорон тавзеҳ доданд.
Зикр гардид, ки соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар давлат нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсолии он, фароҳамсозии устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ метавонад саҳми босазо гузорад.
Дар курси мазкур маърӯзачиёни асосӣ аз Академияи идоракунии давлатӣ буда, инчунин аз Вазорати саноат ва технологияи нав низ ҷиҳати баргузории дарсҳои амалӣ мутахассисон даъват шудаанд.
Дар назар аст, ки дар ҷамъбасти курс дар мавзӯи «Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» бо иштироки роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳамоиш доир гардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






