Дар Исфара барои бонувони хонанишин коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид

Сентябрь 15, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ коргоҳи хурди дӯзандагӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Исфара иттилоъ медиҳад.

Коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби соҳибкор Ҳокимбой Каримов бунёд ёфта, дар марҳилаи аввал 12 нафар занони бешуғли маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Дар коргоҳ барои бонувон навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурдӯзӣ, шерозбофӣ, кӯрпадӯзӣ, муҳрабофию кокулсозӣ, тоқидӯзӣ, кешбофӣ ва рафидадӯзию кашидадӯзӣ омӯзонида мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод 10 сентябри соли 2019 дар  суҳбати самимӣ бо ин модарони ҳунарманд иброз доштанд, ки «сару либоси миллӣ инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаву ҳунарҳои миллӣ буда, қавму миллатҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар сокини мамлакат, бахусус занони тоҷик ин аст, ки дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақшгузор бошанд ва барои пешгирӣ аз бегонапарастиву тақлидкорӣ миёни ҷавонон, ҳамчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат саҳм гузоранд».

Имрӯзҳо корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дар шаҳри Исфара ва деҳоти он бо саҳми фаъолонаи мардум муташаккилона идома доранд.

Дар шаҳр аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 130 ҳазор сомонӣ бинои муассисаи таълимии №29 таъмиру навсозӣ гардидааст.

Ҳамзамон сокинони Исфара бо баргузор намудани ҳашари умумӣ 4,5 километр роҳро навсозӣ ва мумфарш намуданд.

Сентябрь 15, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд