Дар Кобул бар ҷони муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон суиқасд ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кобул дар натиҷаи суиқасд бар ҷони муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ на камтар аз 10 нафар кушта ва 15 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизони «1ТВ» бо истинод ба намояндагони хадамоти амният гузориш дод.
Бино ба гуфтаи Амруллоҳ Солеҳ, худи ӯ осеби ҷиддӣ надидааст. Ӯ каме дар рӯй ва аз даст осеб дидааст.
Рӯзи чоршанбе дар роҳи кортежи муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Афғонистон дар маркази Кобул таркиш рух дод. Биноҳои наздик аз мавҷи таркиш хисороти ҷиддӣ диданд. Ҳаракати радикалии Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) изҳор дошт, ки дар ин ҳодиса даст надорад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ин ҳамларо шадидан маҳкум кард ва онро «амали даҳшатбори террористӣ» хонд. «Раиси ҷумҳурӣ таъкид кард, ки неруҳои амниятии Афғонистон ҳамчунон боқатъият ҳастанд, ки бо мухолифони худ муқобилат кунанд ва сарзамину ҳамватанони худро дифоъ намоянд», — гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар сомонаи Раиси Ҷумҳурии Афғонистон интишор гардидааст.
Дар он ҳамчунин омадааст, ки Ашраф Ғанӣ ба мақомоти дахлдор супориш додааст, ки вазъи ҳамларо таҳқиқ кунанд ва тамоми захираҳои мавҷударо барои кумак ба зарардидагон сафарбар намоянд.








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






