Дар Маҷлиси намояндагон конференсияи онлайнии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз конференсияи онлайнии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёнашон аз Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» София Шоик иттилоъ дод.
Дар мулоқоти маҷозӣ тарафҳо доир ба равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон суҳбат намуда, зикр карданд, ки муносибатҳои ду давлати ба ҳам дӯст дар марҳилаи навин аз рушди иқтисоду тиҷорат то шарикии стратегӣ расида, дар беҳтар гардидани сатҳи муносибатҳои тарафайн ва зиндагии шоистаи мардумони кишварҳо нақши созгор гузоштаанд.
Муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов ва ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон аз ҳамкории давлатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар марҳилаи навин ситоиш намуда, зикр кард, ки “ин шакли муносибат аз мо, вакилони мардумӣ тақозо менамояд дар раванди кори худ ба дӯстии давлатҳоямон равнақ бахшем”.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилрабо Мансурӣ изҳор намуд, ки “рушди муносибатҳои тарафайн аз муносибатҳои неку дурбинонаи Сарварони ду давлати ба ҳам дӯст- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифта, дар тамоми самтҳои муносибатҳои давлатдориямон дастовардҳо ба бор овардааст”.
Мавсуф таъкид намуд, ки “мо ба муносибатҳои неки ҳамсоядориямон ҳамеша арҷ гузошта, талош менамоем ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ мусоидат намоем”.
Ҳамзамон доир ба табодули таҷрибаи тарафайн дар рушди қонунгузорӣ ва парламентаризм суҳбатҳо доир гардид.








26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






