Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2020. /АМИТ Ховар/. Моҳи сентябр дар ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд ҷамъоварии “тиллои сафед” оғоз гардид.
Аз ҷумла, дар яке аз ноҳияҳои калонтарини вилоят- ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол чиниши пахта аз хоҷагии Дӯстлики ҷамоати Чашмасор шурӯъ шуд ва як ҳафта инҷониб деҳқонон ба ҷамъоварии ҳосили бо ранҷ рӯёнидаашон машғуланд.
Тавре аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ноҳия зиёда аз се ҳазор хоҷагии пахтакор мавҷуд буда, имсол дар ноҳия дар 8401 гектар чигит кишт гардидааст.
Кишоварзони ноҳия бо кишти тухмиҳои хушсифати маҳалливу хориҷӣ, чун “Дӯстӣ”, “Хуҷанд-67”, “Флеш”, “Синтзян” ва гузаронидани корҳои саривақтии агротехникӣ азм доранд имсол ҳосили хуб ба даст оваранд.
Имрӯзҳо аз 12 ҷамоати ноҳия дар 7-тои он бо истифода аз боду ҳавои мусоид заркорони ноҳия кӯшиш доранд ҳарчи бештар ҳосили хуб ҷамъоварӣ намоянд.
Аз ҷумла, дар ду ҷамоати калонтарини пахтакори ноҳия- ҷамоати Унҷӣ ва Исфисор корҳо дар ин самт хуб ба роҳ монда шудаанд.
Ҳоло дар ноҳия 4 коргоҳи пахтақабулкунӣ барои қабули «тиллои сафед» омодаанд. Соли гузашта дар ноҳия дар майдони 8200 гектар чигит кишт карда шуда, беш аз 17000 тонна “тиллои сафед” истеҳсол гардида буд.
Тибқи иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, имсол дар вилоят дар майдони қариб 60 000 га кишти чигит гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3 000 га зиёд аст. Заркорони вилоят азм доранд аз он беш 130 000 тонна ҳосили хушсифати пахта ҷамъоварӣ намоянд.








Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






