Дар Панҷакент 4 меҳмонхона ва 6 маркази ҳунармандӣ сохта мешаванд

Сентябрь 2, 2020 09:11

ДУШАНБЕ, 02.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент 4 меҳмонхона ва дар даромадгоҳи пойгоҳи бостоншиносии Саразм 6 маркази ҳунармандӣ сохта мешаванд. Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва масъулини марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент  27 август ва 1 сентябр аз ҷараёни кори иншооти сохташавандаи сайёҳӣ бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ дидан намуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, бахшида ба таҷлили ин ҷашни таърихӣ як силсила иншоот ва ёдгории таърихию фарҳангӣ, иншооти вобаста ба соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони 4 меҳмонхона барои 250 ҷой ва дар даромадгоҳи пойгоҳи бостоншиносии Саразм 6 маркази ҳунармандӣ сохта шуда истодаанд, ки як маркази он иттилоотӣ буда, барои сайёҳон ва фурӯши армуғонҳо пешбинӣ гардидааст.

«Бо мақсади ҳарчи бештар муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии минтақа аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар ҳамкорӣ бо Кумита ва Ассотсиатсияи «Рушди туризми Зарафшон» 12 адад хатсайри сайёҳӣ бо фарогирии мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва экологӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм таҳия гардида, пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида шуд. Маводи тарғиботию иттилоотие, ки аз ҷониби Кумита нашр мешаванд, фарогири имкониятҳои минтақаи мазкур буда, дар арафаи ин ҷашн роҳнамои сайёҳии шаҳри Панҷакент ба нашр мерасад», — иттилоъ доданд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Акс аз манбаъҳои дастрас

Сентябрь 2, 2020 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд