Дар Панҷакент 4 меҳмонхона ва 6 маркази ҳунармандӣ сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 02.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент 4 меҳмонхона ва дар даромадгоҳи пойгоҳи бостоншиносии Саразм 6 маркази ҳунармандӣ сохта мешаванд. Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва масъулини марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 27 август ва 1 сентябр аз ҷараёни кори иншооти сохташавандаи сайёҳӣ бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ дидан намуданд.
Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, бахшида ба таҷлили ин ҷашни таърихӣ як силсила иншоот ва ёдгории таърихию фарҳангӣ, иншооти вобаста ба соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони 4 меҳмонхона барои 250 ҷой ва дар даромадгоҳи пойгоҳи бостоншиносии Саразм 6 маркази ҳунармандӣ сохта шуда истодаанд, ки як маркази он иттилоотӣ буда, барои сайёҳон ва фурӯши армуғонҳо пешбинӣ гардидааст.
«Бо мақсади ҳарчи бештар муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии минтақа аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар ҳамкорӣ бо Кумита ва Ассотсиатсияи «Рушди туризми Зарафшон» 12 адад хатсайри сайёҳӣ бо фарогирии мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва экологӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм таҳия гардида, пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида шуд. Маводи тарғиботию иттилоотие, ки аз ҷониби Кумита нашр мешаванд, фарогири имкониятҳои минтақаи мазкур буда, дар арафаи ин ҷашн роҳнамои сайёҳии шаҳри Панҷакент ба нашр мерасад», — иттилоъ доданд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Акс аз манбаъҳои дастрас








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






