Дар Рашт Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бандкашӣ доир гардид

Сентябрь 7, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар ноҳияи Рашт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бандкашӣ доир гардид. Дар натиҷаи қувваозмоӣ ҷои аввал насиби дастаи Рашт гардида, ҷои дуюм  ба дастаи Душанбе-1 ва ҷои сеюм ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дода шуд. Ба ғолибон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медал ва диплом супорида шуд.

Тавре аз Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бандкашӣ беш аз 50 варзишгар дар ҳайати 5 даста: ду даста аз Душанбе, дастаҳои Хатлон, Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд.

Мусобиқаи мазкур дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор шуда, мақсад аз он тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушду пешрафти соҳаи варзиш ва инчунин ташаккули бозиҳои миллии варзишӣ мебошад.

Сентябрь 7, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад