Доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мавриди рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии соҳибкорони тоҷику ӯзбек 18 сентябр дар чаҳорчӯбаи B2B дар Душанбе баргузор гардид.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 40 соҳибкори ӯзбек дар ҳайати гурӯҳи кории Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Лазиз Қудратов бо мақсади ширкат дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Инчунин гуфтушунидҳо байни Раиси Палатаи савдо ва саноати (ПСС) Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва ҳайати Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини раиси ПСС Ӯзбекистон Фаризшоҳ Усмонов, сардорони раёсатҳои минтақавии ПСС вилоятҳои Тошканд, Бухоро, Намангон, Фарғона, Сурхондарё ва Хоразм баргузор шуданд.
Ҷамшед Ҷумъахонзода ҳайати Ӯзбекистонро ба баррасӣ ва коркарди масъалаҳои вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллии Тоҷикистон ва бо назардошти имтиёзу афзалиятҳои дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда даъват намуд.
Аҳамияти тақвияти тамосҳои корӣ байни соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар давраи буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ки дар натиҷаи тавсеаи пандемияи COVID-19 ба амал омадааст, ба таври хос таъкид шуд.
Дар робита бар ин аҳамияти таҳияи лоиҳаҳои муштарак бо иштироки соҳибкорони Ӯзбекистон зикр карда шуд.
Муовини раиси ПСС Ӯзбекистон Фаризшоҳ Усмонов аз тарафи соҳибкорони Ӯзбекистон дар мавриди рушди ҳамкории дуҷонибаи корӣ бо тоҷирони хусусии Тоҷикистон изҳори алоқамандӣ кард.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо имконоти тавсеаи ҳамкории байниминтақавиро байни воҳидҳои минтақавии ПСС ду давлат баррасӣ карданд. Аз ҷумла, дар бораи бастани Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни ПСС минтақавии наздисарҳадии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ байни минтақаҳои ду давлат мувофиқа ҳосил шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи омодасозӣ ва доир намудани ҳамоиши тиҷоратӣ, инчунин ташкили ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони ду давлатро дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сентябри соли 2020 баррасӣ карданд.
Пас аз гуфтушунидҳои самаранок, худи ҳамон рӯз маросими ифтитоҳи биржаи тамосҳо байни соҳибкорони ду давлат баргузор гардид, ки дар он раиси ПСС Тоҷикистон Ҷ.Ҷумъахонзода ва муовини раиси ПСС Ӯзбекистон Ф. Усмонов суханҳои табрикӣ гуфтанд.
Дар нишасти соҳибкорон намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон дар ҳайати зиёда аз 40 ширкат ва соҳибкорон, инчунин тақрибан 110 субъекти бахши хусусӣ аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд. Шумораи умумии иштирокчиёни биржаи тамосҳо 150 нафарро аз ҳарду ҷониб ташкил намуд.
Ба соҳибкорони ӯзбек имконоти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон низ муаррифӣ шуданд.
Соҳаҳои хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, чарму пойафзолбарорӣ, электротехника ва туризм ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муайян шуданд.
Дар ҷамъбасти натиҷаи мулоқоти B2B намояндагони доираҳои соҳибкории Ӯзбекистон имзои қарордодҳои тиҷоратиро бо соҳибкорони Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти ватанӣ ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баррасӣ карданд.








Таҷдид ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо намояндагони Бонки Осиёии рушд баррасӣ шуд
Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Барномаи стипендияи Ҷопон дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ шуд
Дар Тошканд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд баргузор шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд






