Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия масъалаҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия зимни баргузории ҳамоиши видеоӣ бо намояндагони вазорату идораҳои марбута ва доираҳои тиҷоратии ҳарду давлат баррасӣ гардиданд. Дар ҳамоиши фосилавӣ 180 нафар соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия иштирок намуда, молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои худро, ки ба содирот нигаронида шудаанд, муарифӣ намуданд ва барои содироти молу маҳсулот ва технология дархостҳои тиҷоратӣ ирсол доштанд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, Шӯрои соҳибкорони Туркия – Тоҷикистон, Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) аз созмондиҳандагони ин ҳамоиши видеоӣ буданд.
Аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиши видеоӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Шарафҷон Шерализода, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати мамлакат Одил Сангов ва намояндаи КВД «Тоҷинвест» Сахӣ Диловаров, инчунин аз ҷониби Туркия муовини Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Туркия Гонҷа Йилмаз Батур, Раиси Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) Наил Олпак, Раиси Шӯрои соҳибкории Туркия – Тоҷикистон Ҷаҳонгир Саатчиоғлу иштирок ва сухан карданд.
Иштирокдорони ҳамоиш муҳимтарин масъалаҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркияро дар шароити пандемия, хусусан ҷалби сармоя ва соҳибкорони Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, воридоти технологияҳои наву муосир, табодули таҷрибаи соҳибкорони ҳарду давлат ва рушди содиротро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҳамоиши видеоӣ доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, сохтмон ва энергетика табодули назар намуданд. Иштирокдорони ҳамоиши видеоӣ дар бахшҳои алоҳидаи В2В тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои кишоварзӣ, хӯрокӣ, нассоҷӣ, сохтмон ва энергетика матраҳ намуданд.








«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд






